ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Мехоҳам оҳанги тозаи талотумро оғоз кунам,
Мехоҳам
Баландтарин овоямро
Ба дуртарин офоқу афлок бирасонам.
Ки ҳон, бингаред:
Ман шукӯҳи шодмонии офаринишам,
Ман худойгони заминам.
Ман инсонам.
ПАЙКАРАИ САНГӢ
Пайкараи сангӣ,
Аз он ситеғи миҳолуд,
Гоми фурӯтар манеҳ,
Ки бод шадид асту теппаҳо ҳама хокӣ,
Бишканадат гар ниҳеби тундару тӯфон,
Реги равон мешавӣ ба дашту биёбон.
Пайкараи сангӣ, бояст!
Дар ҳунар истодагӣ азаматҳост,
Ҳамчу биноҳои бостонии торих,
К-аз ҳама осебҳо гузашта ва барҷост.
Пайкараи сангӣ сарзамини аҷоиб!
Чашми касе гар туро надиду набинад,
Дид ду хуршеди равшанат ҳамагонро,
Он чӣ, ки нодиданист,
Бинад онро.
Лаҳзаи танҳоию гирифтадилиҳо,
Сар нагузорӣ ба рӯйи синаи як санг,
Сангдилонро ғами дили дигарон нест.
Кас нашнида расида кӯҳ ба кӯҳе,
Аммо инсон,
Мавҷзанон бо зулоли ишқи азимаш,
Таръаи дарёии офтобии дилҳост.
Пайкараи сангӣ
Ки санги сахти сабурӣ,
Гарчи сабукболтар зи ҳолаву нурӣ,
Ҷулӯи гули санги оташини шаҳобӣ,
Ё гули абрешими шукуфта бар обӣ?
Ҳар чӣ ки ҳастӣ,
Ту набзи тунди замонӣ,
Пайкараи сангӣ!
Бимон,
Бимон,
Ки бимонӣ.
ОЙИНАВАШ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё