Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рӯд аз нишоти сабзаву гул наъра мекашид,
Будем мо ду мурғи сабукболи даштҳо,
Он нағмаҳои равшани мастона ёд бод!

ҲАЮЛО

Ҳаюлои розноки замон,
Дар парвози абадӣ
Ва мо дар паяш афтону хезонем.
Оҳубачагон аз паноҳи модарон мегурезанд,
То дар ҷилгаҳои сабзу саҳрои симобӣ,
Ба озодӣ салом гӯянд
Ва мо дастбастагон
Дар печухами дарраҳои ваҳму васваса,
Ҳамраҳи саргардонем.

Зилзилаи беамон фаро гирифта ҷаҳонро,
Қалъаҳои торики матрук,
Яке-яке фурӯ мерезанд,
Момути мафқуди ҳазораҳо,
Аз аъмоқи ғорҳои яхӣ,
Ба тамошои дунёи мо,
Сар баркашидааст.
Башқобҳои паранда,
Ё ашъаи хиракананда,
Уфуқҳоро дарменаварданд.
Рӯзҳо он қадар баланд мешаванд,
То ба солҳои нуре бипайванданд
Ва мо ҳамчунон,
Дар пастуи куҳнаи сарнавишти хеш,
Қиссаи «Ҳазору як шаб» мехонем.

ШУКУФТАНИ ШАБГИР

Гуфтам, ки ёфт менашавад, ҷустаем мо,
Гуфт, он ки ёфт менашавад, онам орзуст.

Мавлавӣ

Чун боғи гул
Шукуфтани шабгирам орзуст,
Ҳаргиз барои орзуи тоза дер нест.
Гар ҳаст ҳам,
Ман орзуи дерам орзуст,
Мо насли деррас ҳама ҷо дер кардаем.

Як шохи пуршукуфа бар ин решаи куҳан,
Як сози нав фарози фарогирам орзуст.
Бедории шукуфтаи ҷонҳои пуршукӯҳ,
Дунёи бетаҳоҷуму таҳқирам орзуст.

ДИЛАМ МЕХОҲАД

пешина
аз 263
навбатӣ