ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Дилам мехоҳад,
Дарахтон пару бол боз кунанд
Ва дар саросари Замин парвоз кунанд.
То кавирҳо - сабзпӯш,
Яхбандонҳои қутбӣ дарахтзор шаванд.
Дилам мехоҳад,
Хирсҳои қутбӣ бештар бихобанд,
Парандагони саҳархон зудтар бедор шаванд.
Дилам мехоҳад,
Кӯҳсорон сукути ҳазораҳоро дар ҳам шикананд,
Ҳасрати фурӯхуфтаи наслҳо
Ва ҳаяҷони маро фарёд кунанд.
Дилам мехоҳад,
Озодиро озод кунанд,
Озодӣ зебоӣ хостан ва заминро оростан.
Дилам мехоҳад,
Навои мусиқӣ нафири гулӯлаҳоро хомӯш кунад.
Дилам мехоҳад,
Кӯчаҳои торик чароғон шаванд,
Дастҳо ва доманҳо гулборон.
Дилам мехоҳад,
Дар ҳар нигоҳе шавқе бидурахшад
Ва аз ҳар лабханде шақоиқе бишкуфад.
Дилам мехоҳад,
Қиссаи ишқи Искимӯи ҷавонро,
Бо духтари Офриқо ба шеър бинвисам.
Ва шеърҳои тозаи Нилсун Монделоро бихонам,
То бидонам шеъру сиёсат оштӣ кардаанд,
Ду ҳарифе, ки ҳамора рӯ дар рӯ истодаанд.
Дилам мехоҳад,
Қӯҳҳо дарёчаашонро дарё кунанд
Ва одамҳо доираи дидашонро фаротар баранд,
То рақси ситораҳоро дар ойинаи ҷони хеш тамошо кунанд.
Дилам мехоҳад,
Шеърам хом набошад
Ва орзуҳоям ноком.
САРИ СИЁҲУ САФЕДАМ
Ман озарахши шабонам,
К-аз абри тира дамидам.
Чӣ ғам, ки шуд шаби абрӣ,
Сари сиёҳу сафедам?
Ба соярӯшанҳои мӯям,
Даруни ойина гӯям,
Ба ҷуз ту кист бидонад,
Ки рӯзу шаб чӣ кашидам?
Талоши ман ҳама он буд,
Дар саҳории сӯзон,
Ки ношукуфта нахушканд,
Ғунчаҳои умедам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё