Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Марди обипӯш,
Аз дуродур,
Ба тундӣ омад, омад, омаду
Як рост дар канори зан нишаст.
Сукути ошуфта даври ӯ пар-пар заду
Дар минқори кабӯтарон шикаст.
Лаҳзаҳо гузаштанд,
Ӯ ҳамчунон хомӯш буд.
Вожаҳо дар даҳонаш месӯхтанду
Хокистарашон
Ба ранги тунди нафасҳо дар ҳаво пахш мешуд,
Оташро намешавад нуҳуфт,
Гуфтаниро низ бояд гуфт

Мард:

Кош ман ҳам кабӯтар будаму дастҳои туро,
Бӯсаборон мекардам.

Зан барошуфту ташар зад.

Зан:

Чӣ пуррӯ, Чӣ бепарво. Ту кистӣ?

Мард:

Ҳеч кас
Зебои ман!
Ман он ҳеч касам,
Ки ҳазор сол пайи ту мегаштам.

Зан:

Ҳазён мегӯӣ, ё ки мастӣ?

Мард:

Ҳеч кадом. Сармаст аз ҳушёриам,
Хостам овои эҳсоси нуҳуфтаамро ба гӯшат бирасонам.

Зан:

Ҳавои шунидан надорам, дур шав аз ман

Марди буҳтзада худро канор кашид,
Киз кард,
Дар худ фурӯ рафт,
Ранг аз сӯхтагии сураташ парид,
Зан тарсид.

Зан:

Эй вой. Ин жӯлида муҳиб кист?

пешина
аз 263
навбатӣ