ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Саросема аз ҷо бархост ва гурехт.
САҲНАИ ДУВВУМ:
Рӯзҳо аз паси ҳам давиданд,
Рӯҳи равшани баҳор, ҷангалро фаро гирифт,
Зани ҷавон дар сояи офтоби дарахтони шукуфадор гардиш мекард.
Марди обипӯш аз сӯйи дигар назди ӯ омад.
Зону зад,
Ҳамчу роҳибе,
Дар баробари шамоили Марями муқаддас.
Мард:
Зебои ман!
Эй орзуи навёфтаам!
Сӯхтагии сураташ гӯр гирифт.
Зан:
Оҳ! Боз туӣ?
Аз ман чӣ мехоҳӣ?
Даст аз сарам бардор.
Пархошкунон лобалои дарахтон давиду давид.
Ҳар чӣ пештар,
Жарфои ҷангал бештару бештар.
Хаста шуд.
Истод.
Аз дур галаи гавазнҳоро дид
Ва ду ғизоли ҷавонро,
Шохҳои печидаашонро дар ҳам фурӯ бурда,
Бозӣ мекарданд,
Ё шояд ишқбозӣ мекарданд.
Зан рӯйи шохаи хамшудае нишаст.
Чашмонашро баст.
Нағмаю навои мурғони ҷангалӣ.
Ҳаёҳуи боду ларзиши баргҳо,
Шабаҳи зонузадаи марди обипӯш.
Ҳӯ - ҳӯйи фохтаҳо,
Танҳоии ҷангали танҳо.
Ӯро гечу ошуфта кард,
Шитобзада бархост,
Ба сӯйи хонаи ҳошияи ҷангал шитофт.
САҲНАИ САВВУМ:
Ҷангал рӯҳи ҷодуӣ дорад,
Инсонро афсуну асир мекунад.
Зан субҳгоҳон варзишу гардишро дар ҷангал оғоз мекард,
Ва шабгоҳ панҷараи утоқашро ба Маҳтоби ҷангал боз мекард.
Маҳтоб, ойинаи орзуҳо,
Таҷаллии ёдҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё