ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Инак, рӯзҳоест, ки дигар
Асаре нест аз марди обипӯш.
Кай буд? Куҷо рафт?
Зани ҷавон дар рӯъёи рангини худ
Мехосту намехост ӯро бинад.
Рӯзҳо бо интизори мубҳам гузаштанд,
Мардону занони бисёр,
Дар ҷангал меомаданду мегаштанд.
Аммо ӯ набуд.
Танҳо ёдаш ва танини садояш дар валвалаи баргҳо мепечиду маҳв мешуд.
Рӯзе он садо тарона шуд,
Дар овои ғамгину дилнишин:
«Ман бо дарахт ҳарф задам,
Дарахт ҷавобам надод.
Ташна ба чашма рафтам,
Чашма ҳам обам надод».
Зан ба сӯйи садо роҳ афтод,
Марди обипӯш пушти дарахт пинҳон шуд,
Зан ӯро нодида гирифту рафт.
Мард дар миёни дарахтон нопадид шуд,
Пушти сараш нигоҳ накард,
Рафту рафт ба гӯшаи дигари ҷангал,
Рӯйи алафҳои тоза дароз кашид.
Зан пайи ӯ гашт,
Дар баробараш истод.
Мард бо чеҳраи ғамзадаи ҷавон,
Бо шӯру ҷазбаи орому меҳрубон
Лабханд зад.
Лолаи лабони зан низ шукуфт.
Ҳарду беихтиёр хандиданд.
Хандаҳошон боло гирифт қоҳ-қоҳ
Ва қатра-қатра аз чашмашон фурӯ рехт.
Зан гармии латифе дар худ эҳсос кард,
Гӯӣ ҷоми шароберо то таҳ нӯшида шоду шангал шуд.
Зан:
Ин таронаи зеборо ту хондӣ?
Мард:
Оре.
Зан:
Охир ту кистӣ?
Мард:
Ҳеч кас. Ҳамонам, ки аз пешгоҳат рондӣ.
Зан:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё