ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Аз ман ранҷидӣ?
Мард:
На.
Зан:
Пас бигӯ, ту мисритабор нестӣ?
Мард:
Ин чӣ пурсишест?
Зан:
Гуфтам шояд ҳазорон сол пеш,
Нигоҳи осмонии ту ба обҳои Нил афтод,
Ки номи нилифомро ба он рӯд дод.
Шояд ҳам аз тираи парвонагонӣ.
Мард:
Ин дигар чӣ сухраест?
Зан:
Сухра нест,
Мебинам аз чашмонат парвонаҳои рангоранг,
Метарованду бар сару рӯям менишинанд
Мард:
Гулзори дилатро мехоҳанд.
Зебои ман!
Садои булӯринат суруди меҳр менавозад,
Торҳои диламро меларзонад,
Эҳсос мекунам,
Рӯйи баландтарин шохаҳои дарахтон бол кушодаам,
Гӯӣ саросари ҷангалро зери пар гирифтаам,
Гӯӣ ҳамаи гулҳои дунёро,
Ҳамаи даштҳо, дарёҳоро
Ва туро дар бар гирифтаам.
Эҳсос меканам,
Хушбахттарин инсони рӯйи заминам.
Зан:
Ман низ чунинам.
Мард зону зад, дасти занро бӯсид.
Мард:
Орзуи навёфтаам,
Туро мепарастам.
Зан:
Инсон инсонро намепарастад.
Мард:
Илоҳаи ишқро чӣ тур?
Ман бар ин боварам ки
Абҳати абадии ишқ,
Ин меҳвари алмосгуни ҳастиро,
Бояд ба нури ситора ва рӯҳи дарё даромехт
Ва ба маъшуқ ҳадя кард.
Бояд гавҳари шабчароғи ҷонро барафрӯхт,
Аз шавқе шуълавар он қадар сӯхту сӯхт,
То рози дӯст доштанро омӯхт.
Зан:
Ту аз кураи дигар омадаӣ,
Ё аз садаҳои пешинӣ?
Мард:
Ҳаминам, ки мебинӣ,
Гӯш кун,
Парандаҳо овоз мехонанд,
Бод аз шодӣ фарёд мезанад.
Нигоҳ кун,
Забони сабзи баргҳо боз шуд,
Суруди ҷангал оғоз шуд.
Дарахтон мастона мерақсанд,
Биё, бо ҳам мерақсем.
САҲНАИ ЧАҲОРУМ:
Баргрезони хазон,
Аз шуълаҳои сурху зарду лимӯӣ,
Гӯӣ оташ гирифта ҷангал.
Дар биркаи баргҳои тилоӣ,
Марду зан даст дар даст,
Саршору сармаст,
Гарми гардишанд.
Мард:
Дерест гоҳу бегоҳ,
Ин ҷову он ҷо туро мебинам.
Гаҳ баҳору хазонро,
Гулҳо ва парандагонро
Ва мардумонро
Дӯст медорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё