Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ёд дорам дар навҷавонӣ,
Мартози ҳиндӣ хобамро гирифт ва фоламро таъбир кард.
Симои туро,
Ҳатто ҷои туро,
Дар ҷангал
Дар зеҳнам тасвир кард.
Аз он пас ҳамеша дар пайи ту мегаштам.

Зан:

Яъне фолро бовар кардӣ?

Мард:

На, на, парвози хаёлро.

Зан:

Хоби ишқро чӣ тур?

Мард:

Илтиҳоби шаҳобро,
Он парандаи нур, ки аз дуродур,
Барметобаду ду ҷонро пайванд медиҳад.

Зан:

Шеър мегӯӣ, ё фалсафа мебофӣ?

Мард:

Ҳастиро мебинам дар ойинаи софе,
Солҳо шавқи саргаштаеро,
Дар дил нуҳуфтам
Ва ҳаргиз ҷуръати ибрози онро надоштам,
Зеро симои зиштам,
Ҳамеша буда санги роҳи сарнавиштам.
Ба суратам нигоҳ накун, ки тарснокам,
Аммо аз ман наҳарос
Зеро ҳар эҳсос,
Дар чеҳраам ранги тоза падид меорад,
Яъне даруну бурун якеам.
Зулоли ойинаи ягонагиам.
Мардумон зоту замири худро,
Аз ҳамдигар пинҳон мекунанд,
Он чӣ мегӯянду менамоянд,
На он ҳастанд, на он мекунанд.
Аммо ман талхнокам, чу ҳақиқат сириштам.

Оҳиста бо худаш:

На. На. Зиштам. Зиштам.
Ман иштибоҳи табиатам,

пешина
аз 263
навбатӣ