Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шефтаи мусиқии Итолиё шудам.
Оҳанги тозаву тарона сохтам,
Марди навхостаи нурҳо шудам.
Аммо ҳамеша чизе кам доштам,
Доим ғам доштам.
Имрӯз ҳам уфуқ равшантаре нест!
Зан:
Осмон магар ҳамеша абрист?
Рангинкамони фардоҳое нест?
Мард:
Муждаи фардоро басе шунуфтам,
Ин қиссаҳоро гуфтанду гуфтам,
Ҳосили онро хӯрдему хуфтем
Курӯши Кабирро дар хоб мебинем,
Ё умрро дар меҳроб.
Зан:
Парешонгӯю парешонҳолӣ,
Туро чӣ шуда?
Мард:
Мусофир ҳастам.
Зан:
Куҷо меравӣ?
Мард:
Шунидам дар Чин турфа табибе,
Яке чу манро дармон кардааст.
Меравам он ҷо ба суроғи ӯ.
Зан:
Бе ман?
Мард:
Бо ишқат.
Зан:
Мебинам дар ҷонам ҷо гирифтаӣ,
Дигар бе ту наметавонам зист.
Мард:
Мехоҳӣ бо ин ҳайати муҳиб,
Сайёди шайёди бахти ту бошам?
Ҳаргиз.

Зан:

Суратат бароям табиитарин аст,
Дурахшонтарин чеҳраи замин аст.

Мард:

Сипосгузорам. Бо иҷозаи ту имрӯз меравам,
Вақте бармегардам,
Ки чеҳраи мо ҳамранг бошад
Ва ишқамон бо замзамаи нур ҳамоҳанг,
Инсон тавони онро дорад.
Ки худро аз ин бун барканаду аз нав бикорад,
Дидори мо дар ҳамин ҷангал,
Мунтазир бош.

Зан:

Оҳ! Нигоҳ кун,
Анбӯҳи абри сиёҳ осмонро фаро гирифт,
Уфуқ торик шуд,
Инак, ашки ману резиши рагбор,
Инак, тундару тӯфон,
Маро танҳо нагзор.

Мард:

Тозиёнаи оташини озарахш,
Дарахтонро фурӯ мерезад,
Ҷангал меларзад,
Зебои ман!
Ин хонаи наздики ту,
Он роҳи дури ман.
То дидор басе зуд,
Бидруд!

САҲНАИ ПАНҶУМ:

Зери обшори сабз беди Маҷнун,
Рӯйи нимкати чӯбин,
Зан нишаста,
Мунтазир аст,
Мунтазир аст,
Ҳанӯз мунтазир аст.

ПАРВОЗ

Баҳори сабзи ҷавонӣ, ки пар кушуду гурехт,
Зулол чашмаи кӯҳӣ шуду зи чашмам рехт.
Магар на кӯҳам ман,

пешина
аз 263
навбатӣ