Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки банд-банди танам санги рӯзгорон аст
Ва ҷони муштоқам,
Ғурури қуллаи сангини кӯҳсорон аст.
Ҳазор нағмаи шодӣ таровад аз шеърам,
Ғамам ҳазорон аст.
Ман он чӣ мегузарад он сӯйи замон хоҳам,
Фазои тозаву парвози бекарон хоҳам.

ОЁ ШАВАД?

Ёди ту
Қатра - қатра мечакад аз чашмам.
Рӯйи ту,
Рафта - рафта меравад аз ёдам.
Эй ёди ту, дар ойинаи рӯҳам,
Як осмон ситораи абрандуд.
Оё шавад, ки дар уфуқе равшан,
Дидор ту дубора кунад шодам?

ҲАЗОРСОЛА ДАРАХТАМ

Дарахт омада аз пушти дар ба дидани ман,
Ки бишнавад хабари ҷон ба лаб расидани ман.
Дили дарахт надонад, ки ман чӣ ҷонсахтам,
Ҳазорсола дарахтам.
Ки ҳар чӣ боди хазоне кунад парешонам,
Зи нав шукуфа диҳам,
Боз ҳам ҷавона кунам
Ва ҳар ҷавонаи навро пур аз тарона кунам.

ПАРАНДАИ ТАНҲО

Парандаи танҳо,
Ба рӯйи шохаи хушки хазон таронаи ту,
Ҳадиси ҳасрату афсонаҳои андуҳ аст!
Куҷост лонаи ту?

Паранда! Кори ту бар шохае нишастан нест,
Ба зери болу пари хеш сар фурӯ бурдан
Ва сарду сокиту навмед кам-камак мурдан.

Ту зиндаӣ чу дилат гарму боли ту боз аст,
Ки зинда будан дар ростои парвоз аст.

ДИЛИ ШОИР

Ситора шуълакашон бар Замин фурӯ афтод,
Замин зи тобу таби он ситора ларзон шуд.
Ситораро сари кӯҳи баланди ях бурданд,
Шикофт қуллаву оташфишон хурӯшон шуд.
Ситораро таҳи дарёи дур афканданд,
Шарора дар дили дарё фитоду тӯфон шуд.

пешина
аз 263
навбатӣ