Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дарахти қалъаи роз аст дар сиёҳии шаб,
Ки осмону заминро ба ҳам диҳад пайванд.

Даруни ҳолаи шаб дар канори якдигар,
Ду пайкари ошиқ.
Сукути ҳардуи онҳо— талотуми дарёст,
Сукути ҳардуи онҳо— ғамовару зебост,
Гаҳе сукут зи ҳар гуфтаест гӯётар.

Ба зери шохи дарахтон лабони ташнаи мард,
Ба кафши кӯчаки зан бӯса мезанад ором.
Зи дур мешавад оҳиста дар тараннум бод.
Ситора месӯзад
Ва мурғи ҳақ зи раҳи дур мезанад фарёд.

БО ПАЙКАРИ ОПУЛУ

Эй пайкари худоӣ,
Эй пайки рӯшноӣ
В-эй фатҳи офариниш!

Чашмони мармаринат,
Дорад чӣ ранге оё,
Ранги сипеҳру дарё,
Ё ранги сабзазорон,
Ё шуълаи сиёҳ аст
Рахшон зи ишқи беранг?

Эй ҷони пуршукӯҳат,
Бо ҷисми ту ҳамоҳанг
Пурзӯру пурғуруру пурорзуву пурдард,
Инҳост рози ҳастӣ,
Дар хилқати ту, эй мард,
Эй фатҳи офариниш,
Эй пайкари худоӣ.

ШӮХИИ ТӮТИҲО

Чаҳор тӯтии рангин,
Дар интизори харидор дар қафас буданд.
Расид муштарие аз раҳ,
Зи аввалӣ пурсид:
Нишон бидеҳ ҳунарат чист?
Гуфт тӯтии шӯх:
Шабонарӯз кунам бо ту суҳбати ширин.

Ҷавоби тӯтии дуввум ба муштарӣ ин буд:
Маро чу мурғи биҳиштист дилнишин овоз.
Бигуфт тӯтии саввум:
Барои рақси латиф
Ҳарири сабзи пару боли худ намоям боз.

Хамӯш буду ғазабнок тӯтии чорум,
Зи рӯйи меҳр харидор гуфташ оҳиста:

пешина
аз 263
навбатӣ