Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нишон бидеҳ ҳунаратро, ки тӯтии дигарӣ,
Гаронтар аз ҳама ҳастӣ, яқин, ки пурҳунарӣ.
Шуданд рӯдабур аз ханда тӯтиён гуфтанд:
Ҳунар чӣ ҷӯӣ аз ӯ,
Бекамолу беҳунар аст,
Раиси мост, аз он рӯ баҳош бештар аст.

ЗАНИ ШАРҚ

Дар тирагии шабҳо, шабҳои саҳмнок,
Як пайкари наҳифу низору сиёҳпӯш.
Мехӯрд тозиёнаву чархе бузургро,
Мебурд пеш бо ғӯлу занҷир рӯйи дӯш.

Мерафту хурд мешуду дар тӯли қарнҳо,
Ҳамчун шабаҳ зи чашми ҳама буд нопадид.
Аз кунҷи хонаҳо, зи даруни ҳисорҳо,
Оҳиста нолаҳош ба гӯше намерасид.

Овози он шабаҳ зани имрӯзи Шарқро,
Бедор кард то раҳад аз банди бандагӣ.
То чархи зиндагӣ нашавад бори дӯши ӯ,
Бар дӯши зан, ки холиқи ишқ асту зиндагӣ.

Дар растахези Шарқи навин зан бувад кунун,
Хуршеди тозае, ки дурахшад ба рӯйи Шарқ.
Озодӣ аз ҳақорату озодӣ аз ситам,
Ҳаст орзуи ҳар зани пайкорҷӯи Шарқ.

ХУНЁГАР

Сурули тозае сар кун,
Ту, эй хунёгари шайдо!
Ба шавқ овар дили моро,
Зи шавқангез хунёе.

Навое ончунон равшан,
Ки ҷонҳоро барафрӯзад.
Суруде ончунон хуррам,
Ки гулзори шукуфое.

Уқобонро ҳавои кӯҳсорон мебарад боло
Ва моро орзуҳое,
Ки гоҳе зери миҳ пинҳон,
Гаҳе хуршедсон пайдост,
Ба ҳар тақдир саршор аз такопӯҳост.
Ба гоҳи ғарши тӯфон,
Куҷо мавҷе биоромад ба дарёе?
Чаманҳо сӯхт сар то сар,
Биё хунёгари шайдо,
Суруде пуршарар сар кун.
Бисӯзон решаи ғамро,
Зулоли чашмаи Хуршедро дар коми соғар кун,
Аз он оташ лабе тар кун.

пешина
аз 263
навбатӣ