ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Накун аз газма парвое,
Бигӯ ӯро:
Туро торикии ғамноки имрӯзат,
Маро афзораи шодоби фардое.
ОТАШИ ТАШНА
Оташи ташнае будам нуҳуфта дар хокистар
В-аз ин орзу шуълавар,
Ки дарёвор
Аз озодӣ сероб шавам
Ва бо мавҷҳо
Ба авҷҳо парвоз кунам.
Ё дар жарфои дарёи ҳастӣ,
Ҳамчун ситораи дарёӣ,
Ҳар лаҳза равиши тозае
Оғоз кунам.
ЧАРОҒИ ДАРЁӢ
Дидор буду нури аҳуроӣ,
Шӯру шарору шодиву шайдоӣ.
Бо ҷисму ҷони шуълавари бетоб...
Инак, ману савоҳили танҳоӣ,
Бо ёди ту, ки афканамаш дар об,
Чун шамъи нимасӯхтаи равшан.
То шуъла-шуъла пеш равад бо рӯд,
То рафта-рафта дур шавад аз ман,
То оташе, ки гармии ҷонам буд,
Гардад чароғи равшани дарёӣ.
То дар барам ду ошиқи ошуфта,
Бо нури шамъу бӯса ба ҳам гӯянд:
Дидор ҳасту шодиву шайдоӣ.
БАРФ ВА ШУКУФА
Шодии аблаҳона,
Ё ғами доноӣ?
Газнаи газандаи дарё,
Ё наргиси ду-серӯза,
Афрӯзаи тамизи тилоӣ.
Барф ва шукуфа.
Ду зебоии носозгоранд,
Ки ночоранд,
Ранҷу разму ашку лабханди моро,
Ва солҳо ва садаҳоро,
Ба тӯмори мондагори торих,
Ё ба ғубори афсонаҳо биспоранд.
ШАМЪҲО

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё