Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мо борҳо ба бадрақаи хеш рафтаем,
Баргаштаему тозанафас пеш рафтаем.

Дидори мову соҳили дарёи интизор.

ИНФИҶОР

Чаро ранҷҳои ҳазорранг,
Озарахшҳои осӣ,
Ки даруни моро меозоранд,
Роҳи инфиҷор надоранд?
Куҷоӣ, эй фарёди баланди оҳанг?

ИН ЧӢ БУД?

Шуълае сар кашида бар афлок,
Ё шаҳобе фурӯ фитода ба хок?
Ин чӣ буд?
Ин чӣ илтиҳобе буд?

Орзуи ҳазораҳои башар,
Ё ки руъёи тори хобе буд?
Чашмасори зулоли замзамагар,
Ё дурахшидани саробе буд?

Он фарогирии тулуъи бузург,
Ин фурӯрезии ғуруби забун,
Он шабехуну хуну он ҳама хун,
Бо ҳама сурхии пурафсунаш,
Ҷангалу ҷовидона қонунаш,
Аташе буд,
Ё азобе буд?
Ё паси абр, дар дили тӯфон,
Нуру нерӯи офтобе буд?
К-андар ӯ ошиқони шуъласиришт,
Ҷон супурданд,
То бани одам,
Ҳама ёрони якдигар бошанд,
Ҳама аз ишқ баҳравар бошанд,
Ин чӣ буд?
Ин чӣ инқилобе буд?

ТАҚВИМИ СОЛИ ПЕШ

Гоҳе шабкӯри шуми хотирае,
Аз аъмоқи торикиҳо,
Пар меафшонад бар мо,
Эҳсос мекунем,
Чӣ побандем.

Гоҳе қанории тилоии ёде,
Дар диламон овоз мехонад,
Эҳсос мекунем,

пешина
аз 263
навбатӣ