ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Чӣ шукуфтаем,
Чӣ хурсандем.
Оре,
Мо ба гузашта оғиштаем,
Аммо тақвими соли пеш нестем,
Ки ба кор наоему ба оянда напайвандем.
ЭЙ ЗАМИН
Субҳдам,
Зери шохаҳои баланд.
Рӯйи сабзинаи латифи чаман,
Партави пора-пораи Хуршед,
Медурахшад, чунон ки пиндорӣ,
Рӯйи дарё ҷазираҳои тилост,
Эй Замин!
Эй Замин!
Замини шигарф,
Эй, ки рӯҳи зумуррадин дорӣ,
Абадӣ роҳи ростин дорӣ,
Ки гурезу гузире аз он нест,
Лаҳзае бо ту зистан зебост.
Эй Замин!
Эй Замин!
Намедонам,
Зиндагӣ дар ситораҳо чун аст,
Ҳаст он ҷо:
Сабзаву кӯҳу ҷангалу дарё,
Ғаму шодиву орзумандӣ.
В-ин ҳама оташе, ки дар дили мост,
Ин ҳама оташе, ки дар дили мост?
ПАРОКАНДАҲО
Шӯру шӯриши дарё,
Шефтаву шукуфтаам мекунад,
Аммо наметавонам дид,
Ҳатто хуни шафақ,
Дар чашми тари ӯст.
Шоҳи мурғон — уқоб,
Бар тахт сахра нишаста меандешад:
Кадом мурғаки рангин,
Шикори дигари ӯст?
Чӣ танзи торике!
Инсон,
Бо ин ҳама азимати инсоният,
Дирӯз осмон зери пояш буд.
Имрӯз Замин,
Рӯйи сари ӯст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё