ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ба зери сахраи сангин,
Дарахт,
Хам шуда,
Хушкида.
Барги сабза дамида,
Ба пайкари ӯст.
Ва он парандаи рӯъёӣ,
Рангинкамон болаш,
Ситораҳо - пари ӯст.
ЗАРРАИ АФРӮХТА
Дар инфиҷори офариниш зарра шудем,
Бар хоки рознок нишастем,
Аз шаъшаи ишқ барафрӯхтем.
Он қадар сӯхтем, сӯхтем,
То ба оташи жарфои замин пайвастем,
Мо зарраи афрӯхтаи абадият астем.
ХУДСӮЗӢ
Баҳор қомати худ
Обшори оташ кард,
Ҳазор шуъла зи ҳар мӯйи шабшикан афрӯхт.
Дар орзуи раҳоӣ,
Зи хашми мунфаҷираш,
Чунон гудохт дар оташ,
Ки оташ аз ӯ сӯхт,
Зи пурсише сӯзон:
Ки мерасад касе оё,
Зи хештансӯзӣ,
Ба пирӯзӣ?
ПАРАНДАРО ОВОЗ
Ту кистӣ, ки тавонӣ сарам фуруд орӣ?
Фалак надида, Худо ҳам,
Ки хам шудааст сарам.
Даҳанкаҷӣ накун, эй сарнавишти саргардон,
Ки гар ту сангсириштӣ,
Ман аз ту сангтарам.
Чӣ ғамгирифтаву шум аст,
Дарди навмедӣ,
Ки ноумедӣ аз Офтоб нотавониҳост.
Хушо, шаҳомати силӣ задан ба сурати марг
Ва зинда мондану дидан,
Чӣ зистану зебост.
Ҳар одаме ба умеде нафас кашад шабу рӯз.
Маро тараннуми шеъру парандаро овоз.
Гулу шукуфаву Моҳу ситора механданд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё