Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чаро нахандам ман?
Ки рӯшноии уфуқ ҳар саҳар, ки бархезам,
Маро ба дуртарин Каҳкашон диҳад парвоз.

АФСОНАИ НАГУФТА

Дарахти хушки зимистон,
Пур аз шукуфа шуда.
Шигифт нест агар ман,
Зи нав шукуфта шавам,
Ҳазору як шаби афсонаи нагуфта шавам.

Хушо, шукӯҳи гули сурх,
Дар саҳории сард
Ва меҳрубонии лабханд,
Дар талотуми дард.

ЯК ОСМОН МАҲТОБ

Барои хоҳарам Нусрат Султонӣ

Дишаб туро дар хоб дидам:
Як дашт гулборону як дарё ситора,
Як осмон Маҳтоб дидам.

Шӯри ҷавонӣ буду шавқи ошиқона,
Ҷони шукуфон,
Орзу - анбӯҳ, анбӯҳ,
Озодии мурғону беандӯҳии кӯҳ.

Бо ин ҳама бехобии шабҳои бетоб,
Шодам чу хобидам,
Туро дар хоб дидам,
Як осмон Маҳтоб дидам.

ҚИССАИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Духтари кӯчаки ноз,
Ҳама шабҳои дароз,
Даст дар гардани модар мекард,
Бӯса бар чеҳраи модар мезад.
Қиссае тоза зи модар мехост,
Қиссаҳоро ҳама бовар мекард.
Қиссаҳо сарзаминҳои тилоии шигифт.

Духтари кӯчаки ноз,
Такя бар синаи модар мезад,
Сарзаминҳои тилоӣ мехост,
Нағмаи нарми лолоӣ мехост.

Осмон пардаи обии ҳарир,
Мегирифт аз рухи он ахтар дур,
Ахтарак бол дароварда чу як мурғи булӯр,

пешина
аз 263
навбатӣ