Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Роҳии хонаи модар мешуд,
Бо басе нағмаву нур.

Духтари кӯчаки ноз,
Ҳар шаб аз лолои нарми модар,
Ки чу маҳтоби баҳор,
Рӯҳи хобовари афсунгар дошт,
Гарм мерафт ба хоб.
То саҳаргоҳи дигар,
Шавад аз бӯсаи модар бедор.

Як шаби мудҳиши тор,
Модараш рафт ба дунёи дигар,
Духтари кӯчаки ноз,
Гиряҳо кард оғоз,
Гиряааш, ваҳ, ки чӣ дардовар буд.

Марду зан ғамзада аз мотами ӯ,
Чора ҷустанд, ки коҳанд зи дарду ғами ӯ.
Марди наққош ба девори сафед,
Тарҳе аз модари гумгашта кашид.
Шохаи қавси қузаҳ хам шуда буд,
Рӯйи дарёи кабуд.

Сохт наққош аз он шоха ду абрӯи латиф,
Ду ситора, ки дурахшонтар буд,
Шуд ду чашми модар,
Обшоре, ки тилоӣ шуда буд аз Хуршед,
Рехт рӯйи сари ӯ.
Зулфи модар ҳама зартор шуду пурафсун
В-аз шафақҳои баҳорӣ - лаби модар гулгун.

Духтари ноз чу дид,
Модари гумшудааш боз омад,
Ҳамчу як шабпара аз шавқ ба парвоз омад,
Қиссае хост аз ӯ,
Шуд саропо ҳама гӯш.

Модараш қисса нагуфт,
Модараш буд хамӯш.
Духтари кӯчаки ноз,
Шикваҳо кард оғоз:

Модари нози ман
Овозат ку?
Он ҳама қиссаи пуррозат ку?
Безабонӣ ту, чӣ дилтангам ман,
Гули пажмурдаи берангам ман.

Духтари кӯчаки ноз,
Гиряҳо кард оғоз,
Гиряаш ваҳ, ки чӣ дардовар буд.

пешина
аз 263
навбатӣ