ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Корвони маҳу сол омаду рафт,
Кам-кам он духтари ноз,
Модаре шуд, ки тайи умри дароз,
Нағмаҳо рехт ба гаҳвораи фарзандонаш
Ва басе нағмаву афсона шунид,
Ба забонҳои дигар,
Дилнишину зебо
В-аз ҳама зеботар,
Қиссае буд ба забоне, ки шунид аз модар.
ГУЛИ ЯХ
Эй гули ях, эй гули биҳиштии зебо
В-эй рухи зардат нишонаи дили шайдо.
Гаштаам аз атри дилнавози ту сармаст,
Рӯҳи латифи туам рабуда дил аз даст.
Эй гули бемори ман, чаро ту низорӣ?
Ҳамчу ман астӣ, магар ки ошиқи зорӣ?
Эй гули ях, гарчи номи поки ту сард аст,
Гарчи танат лоғар асту рӯйи ту зард аст.
Ишқи ту гарм асту ҷони поки ту шайдост,
Бӯйи ту атри биҳишту рӯйи ту зебост.
ЧИҲО ДИДАМ?
Ман бозгаштам аз сафар,
З-ин роҳи бепоёни кӯтоҳ.
Пурсӣ чиҳо дидам дар ин роҳ?
Ман парчами тақдири худ дар каф гирифтам,
Ошуфта дар ошӯби тӯфонҳо давидам.
Эй бас ҳамосӣ, к-аз забони хун шунидам.
Дидам, ҳазорон саҳна дидам:
Аммомаҳои сурху дилҳои сияҳро,
Бигсастани пайвандҳои нимараҳро.
Дидам адолат бо тани пӯлодгунаш,
Дар зери пойи хеш мекӯбад гунаҳро.
Дидам замин бо гардиши ҳаҷми бузургаш,
Дар мағзи инсон ҷо гирифта.
Як пайкари кӯчак, ки кунҷе гарми кор аст,
Дар синааш хуршедҳо маъво гирифта.
ОЗОДӢ
Ҳастии ман фидои озодӣ,
Ҳозирам зиндагонии худро,
Навбаҳори ҷавонии худро,
Ишқу уммеду орзуямро,
Афканам пеши пои озодӣ.
Гар ман афтода дар қафас бошам,
Ҷилваи боғу бӯстон чӣ кунам?
Чӣ кунам? Дур аз аз ошён чӣ кунам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё