Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷуз, ки ғавғо кунам, кушоям пар,
То парам дар ҳавои озодӣ.

Гар шавад ҷисмам он қадар бемор,
Ки нагардам ҷудо ман аз бистар,
Дар дами марг, дар дами охир,
Хезаму зиндагӣ зи сар гирам,
Бишнавам гар нидои озодӣ.

ПАЁМИ ДУХТАР

Болои кӯҳсор,
Аз бӯсаи тилоии Хуршеди субҳгоҳ,
Вақте шукуфа ханда заду барф гиря кард
Вақте гиёҳ руст,
Вақте ки он гиёҳи ҷавон зулфи сабзро,
Дар оби чашма шуст,
Вақте ниҳоли нозуки кӯҳӣ ҷавона кард
Вақте насим мӯи туро нарм шона кард,
Он ғам манам.
Маро
Як лаҳза ёд кун,
Бе ҳеч интизор.

ШОДИИ ТАРСОВАР

Танам зи шавқи дидори ту меларзад,
Зи дидори ту метарсам.
Мане, ки дидаам дар зиндагӣ озори бисёре
В-аз озоре натарсидам,
Аз озори ту метарсам.

Саҳаргоҳе агар бинӣ дар ойина,
Ки аз нав кӯдакӣ бишкуфта дар рӯят,
Агар дар жарфнои як шаби торик,
Ду боли оташин гардад ду бозӯят
Ва ногаҳ рӯйи дарёҳову ҷангалҳо кушоӣ пар,
Агар инсони сабзе ояд аз сайёраи дигар,
Туро бо ҳолаи нури зумуррадгун,
Барад бар осмонҳо, каҳкашонҳо, бекарониҳо
В-аз он ҷо зиндагониро бибинӣ бо ҳазорон чашми равшангар.
Чӣ ҳиссе з-ин агарҳо дар вуҷудат мешавад пайдо,
Ба ҷуз шодии тарсовар?

МЕҲРГОН

Меҳргон, эй хуҷаста, ҷашни хазон,
Аз ниёкон ту ёдгор астӣ.
Аз маҳи меҳру рӯзи меҳру зи меҳр,
Ёдгори пурифтихор астӣ.

Меҳргон, бош дар замонаи мо,
Пайки меҳру паёми пирузӣ.

пешина
аз 263
навбатӣ