Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

То ба расми куҳан кунем аз нав,
Шодмониву оташафрӯзӣ.

БУЛБУЛ

Чаро гӯянд булбул ошиқи гулҳост?
Булбул ошиқи шайдои булбулҳост.

Шавад булбул аз он рӯ ҳамнишин бо гул,
Ки дар бӯсидани ёраш,
Таровад атри нарми гул зи минқораш.

Ниҳад булбул ба хилватгоҳи гул лона,
Барои ҷуфти зебояш,
Барои ҷӯҷаҳои нози дурдона,
Барои он ки байни ошиқон
Рӯҳи латифаш гардад афсона.

ШЕЪР ТАШНАГИСТ

Посух ба шоири ҷавони тоҷик

Боист ташна буд,
Бар шуълаҳои оташи поки Парумата,
Бар машъали муқаддаси озодӣ,
Бар чашмасори адл.
Боист буд ташнаи асрори осмон,
Ташнаи нури ситорагон.
Боист буд ташнаи зебоии замин,
Лабханди кӯдакону суруди парандагон.
Боист ҳамеша ташнаи хуршеди ишқ буд,
Боист буд ташнаи инсони ҷовидон.
Бошад шароби ғамзада он дил, ки ташна нест,
Шоир ҳамеша ташна бувад,
Шеър ташнагист.

ЖОЛА—6

АЗ МАҶМӮАИ «ТАРАННУМИ ПАРВОЗ»

УМЕД БУД

Дарёи шаби мушавваш,
Киштӣ ба чанги мавҷ,
Тӯфон шадид буд.

Фарёди раъди осиву ашки сиёҳи абр.
Соҳил зи дида дуру уфуқ нопадид буд.

Як лаҳза буд фосилаи маргу зиндагӣ,
Ку он яқин,
Ки фосилае ҳаст беш аз ин?

пешина
аз 263
навбатӣ