ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

ЗИНДА ЗИ ПАРВОЗ
Ба ёди Сиёвуши Касроӣ
Зи марзҳои Замин,
Бигзарад чу абру насим.
Ҳунар,
Ки пойгаҳаш бар сари замон бошад.
Агар ду боли ҳунарманд,
Ишқу озодист.
Ҳамеша зинда зи парвоз
Дар ҷаҳон бошад.
НИГОРАҲОИ ТИЛОӢ
Ту ҳар саҳар бедор шудӣ,
Ки бисозӣ
Ва сохтӣ.
Сохтаҳои таракдорро,
Дару деворро,
Бо нигораҳои тилоӣ пардохтӣ,
Биоростӣ.
То зебо бошанд,
Зебоиро хостӣ
Ва зиндагиро сохтӣ.
Агар рӯзе маҳол ҳақиқат мешуд
Ва дигар бор ба дунё меомадӣ,
Оё боз
Бо сахтиҳои ҷонгудоз,
Бо сарнавишти носоз,
Месохтӣ?
Ва орзуи озодиро
Бар баландои қалъаҳои ҷаҳон,
Ҳамчунон меафрохтӣ?
Шояд.
СИТОРАИ ДУНБОЛАДОР
Ситораи дунболадор,
Нахустин рӯзи баҳор,
Ба дунё омад.
Яъне аз лоятноҳӣ,
Дар дурдастҳои замин,
Ба дидори мо омад.
Чӣ руъёеву розофарин
Ва чӣ зуд рафт ба ҷаҳонҳои ношинохта,
Ҳамчун андешаҳои дури парвози тобнок,
Ё ҳамчу орзу,
Орзуи раҳоӣ.
Аз тамоми ранҷҳо ва хориҳои хок,
Раҳои раҳо дар бекаронаи офоқ ва афлок.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё