ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ситораи дунболадор,
Нақши шигарфест
Дар ояндаи асрор.
АЗ ХУД РАҲО
Нанӯшида май, пиндоштам мастам,
Лаҳзае беғамам,
Аз худ раҳоям,
Яъне, ки ҳастам.
Баргрезони рангину равшани хазон,
Оташбозии чаманзорон,
Дар ҳаёҳуи бод,
Баргҳои тилоӣ,
Фарози сарам ба парвоз омаданд.
Орзувор,
Рафтанду боз омаданд.
Ва он раҳошуда,
Дар насим нишасту ба абрҳо пайваст.
Ман мондаму ман,
Уфуқ - хомӯш,
Ситора - равшан.
БУҲТИ ШУКӮҲМАНД
Анбӯҳи лолаҳои баҳоронро хандидам,
Тамоми абрҳои окандаи боронро гиристам.
Саросари ҷаҳонро,
Дар рангҳои равшану торикаш дидам.
Инак, аз пуле мегузарам,
Ки гузаштагон гузаштанд аз он
Ва ояндагон хоҳанд гузашт.
Парсазанон,
Дар баҳти шукӯҳманди шеър,
Дар ҳаёҳӯи каҳкашонии мусиқӣ,
Дар дарёии муталотуми ибҳому орзу,
Мебинам, ки ман,
Ҳастиро бо ҳамаи ранҷҳояш,
Ошиқона писандидам.
ДАР СОҲИЛИ БОЛТИК
Як тараф рӯд,
Як тараф дарё,
Дар миёни ҷангали зумурради коҷ
Бар сапедои пайкари амвоҷ,
Моҳи нав бӯса мезанад аз дур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё