ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Бар сари мавҷҳои ҳалҳалагар,
Обшори тилоӣ зарду сапед,
Резад аз қуллаҳои абри булӯр.
Ғарқи дарёи дурдасти хаёл,
Киштии шуълавар,
Сафинаи нур.
ДАРЁКАНОР
Маҳтоби нарми меҳрнавози баҳор буд,
Ман будаму ту будиву дарёканор буд.
Дар бистари тилоии Маҳ хуфта буд мавҷ,
Танҳо навои мурғи шаб аз дур,
Мо дар канори ҳам,
Ҳамроҳи боди шабзада мерафтем,
Сӯйи уфуқ,
Ба соҳили нури ситораҳо.
Рӯҳи паранда - гармии дастонат,
Дасти маро тараннуми парвоз.
Афсонаҳост дар дили ҳар даст.
Дарё канори он шаби маҳтобӣ
В-он ҳарфи бар забон наомада
Ёдат ҳаст?
ҲАШТУМИН ХОНА
Салом, эй ҳаштумин хона!
Ки ҳар бор омадам, гулхонаат кардам.
Туро оростам бо орзуҳоям,
Ки гарму меҳрубон кошонаам бошӣ.
Худоро, ҳаштумин хона!
Ба ёд ман наор афсонаи гумгаштаҳоро,
Хонаҳоро бодҳо бурданд.
Ва ман бо ҷони ишқафрӯхта,
Бар далқаки тақдир хандидам,
Чиҳо дидам?
Худам медонаму шеърам,
Ки атраш бӯи гулҳоро,
Зи ёди булбулон мебурд.
Салом, эй ҳаштумин хона!
Ба сӯят омадам,
Саршору сарзинда.
Салом оянда!
Эй оянда,
Оянда!
МАН ҲАМ МЕРАВАМ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё