Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Обҳо мераванд,
Абрҳо мераванд,
Парандагон мераванд.
Лаҳзаҳо,
Рӯзҳо,
Солҳо,
Мераванд.
Ман ҳам меравам.
Кош сояи рафтанам,
Бар боғи равшанат нишинад,
Кош пушаймон нашавӣ.

ЁДИ ТУ

Эй ёди азизи ту,
Парастуи баҳорон,
Он гаҳ, ки баҳор ояду ҳудҳуд бисарояд,
Ёд ор зи ёрон.

Ёди туву он шавқи дурахшандаи дидор,
Ёди туву гулгашти саҳаргоҳии Дарбанд.
Ғавғои ману рӯд,
Дар оромиши кӯҳсор.

Дидори ту дар боғи Ватан
Ҷони ҷаҳон буд,
Хушбахтии покиза агар буд,
Ҳамон буд.

НАСИМИ НАВРӮЗӢ

Ба он ягона бибар,
Эй насими наврӯзӣ,
Ба ҷои номаи табрик
Бӯсаҳоямро.
Бигӯ ба ёди ту наргис нишондаам дар боғ,
Ту ҳам зи лутф биоро,
Ба сабза ҷоямро.

АЗ МАҶМӮАИ «МАВҶ ДАР МАВҶ»

ДАР ҲАВОИ ШУМО

Замона гашт дигаргуну ман дигар гаштам...

Рӯдакӣ

Хушам, ки дар дили шаб муждаи саҳар гаштам,
Пайи ситораи хушбахтии башар гаштам.
Ман он дарахти шикебои реша дар хешам,
Ки зери зарбаи ҳар теша тозатар гаштам.
Агар зи боди парешон ба сахра афтодам,

пешина
аз 263
навбатӣ