ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ва бо дигар сафарҳо,
Худро
Бекарона кунӣ.
КАБӮТАРИ ҚОСИД
Туро чӣ рафт, ки аз мо хабар намегирӣ,
На як кабӯтари қосид, на муждае, на паёме.
Дар ин ҷамоати дерошно, намедонӣ,
Чӣ дилнишин бувад аз ошнои ишқ саломе.
Дилам гирифта аз ин осмони абрандуд,
Ки ҳеч фарқ надорад миёни субҳеву шоме.
Ғамам зи обу ҳаво нест, ман зи муштоқон,
Надидаам, ки зи ҳиҷрат касе расида ба коме.
Сухан намеравад аз беғамону бехирадон,
Асири ҷоҳу мақоме, далери ҷуръаву ҷоме.
Бигӯ, кабӯтари қосид, дар он диёри азизам,
Насими шодии осуда кай расад ба машоме?
Тамоми умр давидем, ошиқона давидем,
Пайи умеди бузурге, пайи раҳоии томе.
Агар ки номи ман аз ёд рӯзгорон рафт,
Ту зиндаам куну боландаам, ба ёдеву номе.
НЕШХАНД
Агар худкомагон,
Баду хуби худро медиданд,
Дар тулуъи хеш
Ғуруби худро медиданд.
Мории Онтавонати зебо,
Сари хунини худро,
Рӯйи шонаи латифаш гузошт
Ва сари дигареро,
Ки рӯзе рӯйи танаш банд намешуд,
Аз пои Гиютин бардошт
Ва гуфт:
Луи азизам.
Ин сари шумост,
Пас тоҷатон куҷост?
Шумо, ки мегуфтед:
Пирӯзӣ аз мост.
БОНГИ САҲАР
Бо он ки ҷонам ошиқи кӯҳи баланд аст,
Бо садҳазорон сол умри устувораш,
Ҳаргиз намехоҳам, ки як дам кӯҳ бошам,
Бешодиву андӯҳ бошам,
Кӯҳи хамӯши пой дар банд,
Маҳрум аз озодии парвози паранда-ст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ