ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Боди баҳорон дар вазишҳо,
Амвоҷи дарё дар ҷаҳишҳо,
Он гавҳари волои инсонии мо,
Дар ҷунбиши созанда зинда-ст.
Ҳар субҳдам, вақте ки Хуршеди фурӯзон,
Сар баркашад аз домани обии офоқ,
Ҳар зарраи заррину ҳар тори тилоиаш,
Як гул занад бар синаи хок,
Бонги саҳаргоҳон ба гӯш ояд зи ҳар сӯ,
Бедор шав инсон,
Ки бедоранд афлок.
БИЁ, ХАЁЛ КУНЕМ
Биё, хаёл кунем,
Ки солҳои ҷудоӣ дар ин миёна набуд,
Ки умри мо ҳама дар ранҷи интизор нарафт,
Ки он дарахт, ки бо хуни дил бипарвардем,
Зи шуълаҳои шабехуни озарахш шикаст.
Шикаст -
Талхтарин вожа.
Ногувортарин!
Ҳанӯз дар дили мо шӯру зӯр дар бозуст.
Биё, дарахт бикорем, боз рӯйи замин,
Бидуни он ки бигӯем,
Ки шукуфа диҳад.
Ва мевае, ки ба бор овард,
Кӣ хоҳад чид?
Баҳори тозанафас хурраму дилафрӯз аст.
Биё, хаёл кунем,
Таваллуди ману ту субҳгоҳи имрӯз аст.
САРНАВИШТ
Инсон сарнавишти инсон аст.
Биришт
Инсони шумораи як:
Бонги хатар,
Бонги хатар,
Ҳар рӯз афзун мешавад насли башар,
Гандум каму одам фаровон.
Афтад бар ҷони замин гургони нонхор,
Бояд замини хастаро гоҳе такон дод,
То гардад аз гургон сабукбор.
Бонги хатар,
Бонги хатар,
Ёғӣ шуда насли башар,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ