ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ҳар рӯз дар як гӯша исён асту тӯфон.
Ҳар кас ба фикри насли фардост,
Бояд шавад бо мо ҳамоҳанг.
Ё нанги таслим,
Ё қудрати ҷанг.
Тақдири мо тақдири дунёст,
Тақдири дунё дар кафи мост.
Инсони шумораи ду:
Аробаи сангини ҳастӣ захм карда шонаамро,
Дасти ҳунармандам тиҳӣ.
Фақру табоҳӣ сӯхта кошонаамро.
Аммо париҳо
Ба асбҳои болдори худ саворанд.
Бутҳои хушбахти тилоӣ,
Бар авҷи худкомиву шодӣ раҳсипоранд.
Эй сарнавишт, эй ҳалқаи занҷири дастам,
Ман бардаи ҷабри ту ҳастам.
Инсони шумораи се:
Будам ҷавони коркуш дар киштзорон,
Як паҳлавон,
Омода то гирам Заминро бар сари даст.
То ҳар чӣ зебоӣ, ки дар рӯйи Замин ҳаст.
Як рӯзи хунин
Сарнайзаи ҷабру ҷунуни фармон ба ман дод.
Бо дасти ман ба маботам бар шаҳре афтод,
Як шаҳр дуд,
Як шаҳр нобуд.
Як аср аз марги шаҳидон шуд азодор,
Ман мондаму озори виҷдон.
Ман - ояи марг,
Ман - нанги инсон.
Девонаам, девона дар теморгоҳам.
Эй сарнавишти тираи шум,
Ҳаргиз напурсам чист дар дунё гуноҳам?
Ман рӯҳи Иблиси шарирам,
Дар дӯзахи дастат асирам.
Инсони шумораи чаҳор:
Ман дӯст дорам зиндагиро,
Аммо дареғо,
Дар дашти оташноки мо,
Рӯйида гулҳои ҷаҳаннам,
Гулҳову одамҳо ҳама гунг.
Сар карда ҷуғдон нолаи ғам,
Ҳар кас гуноҳаш бештар,
Дар кишвари мо даъвии пайғамбарӣ кард,
Бешубҳа бошад модари Меҳан муқаддас,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ