ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Аммо Ватан дар ҳақи ман номодарӣ кард.
Ё мисли ман ӯ ҳам асир аст?
Сарбози исёнам ба сангарҳои пайкор,
Номам шарори интиқом аст.
Ғайр аз набарди беамон,
Ҳар чизи дигар бар ман ҳаром аст,
Тақдири ман разми мудом аст.
Инсони шумораи панҷ:
Дар ҷоми май мебинам асрори ҷаҳонро,
Осудагиҳои замину осмонро.
Ҳар вақт аз ранҷе расад ҷон бар лаби ман,
Бо ҷуръаи май,
Ҷонро ба ҷисми оҷизам пас мефиристам.
Пайкору умеду хурофоти дигарро,
Чун дастаи гул,
Ба мардуми нодони норас мефиристам.
Бигзор дар мурдоби ҳасрат,
Он карамҳо доим билӯланд.
Бишнав зи санги қабрҳо,
Дар пушти девори фано,
Роҳе дигар нест.
Ҳар одаме як қалъаи торики танҳост,
Ҳам ӯст танҳо қалъабонаш.
Ман қалъаи вайрони торам,
Хоҳам шавам аз бода обод.
Бо майпарастӣ,
Геҷию мастӣ,
Ман интиқоми хеш мегирам зи ҳастӣ.
Ҷоми пур аз май ҷовидон бод,
Тақдири ман инро ба ман дод.
Инсони шумораи шаш:
Хушбахтии беранҷу пайкор,
Ҳамчун замини бебаҳор аст.
Вақте ту озодӣ, ки озод аст Меҳан,
Вақте замин дар зери поят устувор аст.
Вақте барои мардуми имрӯзу фардо,
Месозию меофаринӣ некбахтӣ.
Хушбахтии ман ҳам дар ин аст:
«Инсон бувад тақдири инсон»,
Ин сарнавишти ростин аст.
Инсони шумораи ҳафт:
Як марду зан дур аз Ватан,
Як рӯз мурданд,
Умедҳои зиндаро бар гӯр бурданд.
Ман мондаам - фарзанди онҳо,
Дур аз Ватан танҳои танҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ