ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Шунидаам афсонаҳои Меҳанамро,
Аз нағмаҳо ва офтобаш бенасибам,
Бегонагон бегонаам хонанду дар Меҳан ғарибам.
Эй , он ки мегӯӣ Ватан пушту паноҳ аст,
Эй сарнавишт- эй ҷабри ҷовид,
Дур аз Ватан зода шудан оё гуноҳ аст?
Инсони шумораи ҳашт:
Ман кӯри модарзод ҳастам,
Дар зулмати ҳабси абад маҳкуми тақдири сиёҳам
Эй сарнавишт- эй ҷабри ҷовид,
Гӯ, чист дар дунё гуноҳам?
Сарнавишт:
Ман сарнавиштам,
Пайғамбарон гӯянд:
Пайки осмонам,
Ё хати пешонии навзод,
Ё наҳсу саъди ахтаронам.
Фармонбари нерӯи ҷовидони худоён,
Фармондеҳи инсон,
Худованди заминам,
Аммо макун бовар чунинам.
Ман мавҷи саргардонам ва инсон чу дарёст,
Ман сояат ҳастам, эй инсон.
Вақте бирақсӣ,
Чун соя мерақсам бароят,
Вақте биафтӣ,
Чун соя мепечам ба поят.
Ман сарнавиштам,
Сояи ту,
Сояи ҳамсояҳоят,
Сояи ҳамасрҳоят.
Ман сояам аз кулбаҳо ва қасрҳоят,
Ман сояи хасмону ёрони ту ҳастам
Ман сояи сарди ниёкони ту ҳастам,
Печидаам бар пайкари ту.
Ман сарнавиштам,
Гаҳ зери поҳои ту,
Гаҳ рӯйи сари ту.
Бишкоф санги қабрҳоро,
Бишкоф қалби қарнҳоро,
Дар будаҳо ва ҳастҳо,
Бишносу пайдо кун маро.
Он ҳашт тан,
Бо фавҷи инсонҳои дигар,
Дар гирудори ҷовидон,
Нагзоштанд ӯ ҳарфи худ орад ба поён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ