ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Чӣ фурӯғе ба рӯйи ӯ додед,
Ки кунун шамъи анҷуман бошад?
Зан агар нек тарбият ёбад,
Гули бехори ин чаман бошад.
Магузоред зан дар ин кишвар,
Беш аз ин ёри Аҳриман бошад.
Жола, хоҳад саодати занро,
Ҳар кӣ дилдодаи Ватан бошад.
БАҲОРИ МУТАҶАДИД
Баҳор омад лаби гулранг хун шуд,
Ба бӯстон боз булбул понесун шуд.
Зада шефун ба сар боғ аз шукуфа,
Канори чашмаҳо бор асту буфа.
Ту гӯӣ маҷлиси донисаст бӯстон,
Ки дар рақс омаданд ин сон дарахтон.
Зада бар сарфурушаш рӯза сунбул,
Фитода дар кафи боди сабо рул.
Насими атрбези рӯҳафзо,
Саҳаргаҳ идакон бошад ба гулҳо.
Шабе парвона бо гул рондуву кард,
Наёмад он шабу гул тарки ӯ кард.
Чакид аз шохаи гул Жолае пок,
Аз он шуд соҳати бӯстон фараҳнок.
НИДОИ НЕКӢ
Эй, ки умре бо бадӣ хӯ кардаӣ,
Ҷониби ҷаҳлу бадӣ рӯ кардаӣ.
Бехабар аз хӯи инсонӣ шудӣ,
Орӣ аз анвори рӯҳонӣ шудӣ.
Бар вуҷудат ҷаҳлу зулмат зӯр шуд,
Аз дилат нури ҳақиқат дур шуд.
Аз бадӣ некӣ намеояд падид,
Пайрави некӣ нагардад ноумед.
Хезу аз ҷаҳлу бадӣ андеша кун,
Чашми дил бигшою некӣ пеша кун.
Аз накӯкорӣ дилат равшан шавад,
Аз накӯӣ хотират гулшан шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё