ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Зиндагӣ хобу хаёле беш нест,
Орзу ҳам хатту холе беш нест.
Он ки мемонад ба ҷо некӣ бувад,
Мазҳари нури Худо некӣ бувад.
РОҲИ САОДАТ
То нашавад фард-фард миллати Эрон,
Муттаҳиду меҳрубон ба сони бародар.
То наравад аз миён нифоқу дурангӣ,
То нашавад муттаҳид фақиру тавонгар.
То нашавад аҳли алам «Тӯда»-и нодон,
Роҳи саодат ҳаменапӯяд кишвар.
Меҳани мо будааст маҳди тамаддун,
Мазҳари ҷоҳу ҷалол, маскани лашкар.
Мардуми ин обу хок ҷумла тавоно,
Бар ҳама фармонравой, бар ҳама сарвар.
Илму ҳунар будааст пешаи онон,
Чист зи дониш ба даҳр беҳтару бартар?
Чун шуд он фару ҷоҳи кишвари Доро?
Чун шуд он дастгоҳи Меҳани Нӯзар?
Баҳри чӣ хомӯш гашт шамъи саодат,
Нест дигар қалби мулк шоду мунаввар.
Сустии мо гаштааст мӯҷиби пастӣ,
Бояд кӯшиду гашт, Жола, музаффар.
МУҲАББАТИ ВАТАН
Он ки масти муҳаббати Ватан аст,
Бехуд аз ҷону бехабар зи тан аст.
Он ки дорад ба дил ҳавои Ватан,
Кай ба фикри вуҷуди хештан аст?
Резам аз дида хуни дил, ки кунун,
Ватан ошуфта ҳамчу қалби ман аст.
Маҳди Сосону мулки Нушервон,
Маскани зоғу манзили заған аст.
Меҳани Дориюшу кишвари Ҷам,
Сар ба сар ғарқи ғуссаву маҳан аст.
Карда Эрон либоси аҷз ба тан,
Ваҳ, ки ин ҷома бадтар аз кафан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё