Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мо асирем? Не, забонам лол,
Лол бод, он ки ҳарфаш ин сухан аст.

На аҷаб, гар шавам забонзади халқ,
Дили пурсӯз шамъи анҷуман аст.

Дил, ки хоҳони меҳри Меҳан нест,
Набувад дил, ки оҳану чадан аст.

Жола, ҳастам чу ғунча хуниндил,
Ки чаро хор зеби ин чаман аст?

ПОЯНДА БОД, ЭРОН

Эй хоки поки Эрон,
Эй сарзамини зебо,
Эй ҷойгоҳи Сосон,
Эй ёдгори Доро,
Ҳамвора душмани ту
Бечораву забун бод!
Эй сарву савсани ту
Дар бӯстон фузун бод!
Бадхоҳи гулшани ту
Чун лола ғарқи хун бод!


Он осмони шаффоф,
Он обҳои гулгун,
Ин як чу ашки ман соф,
Он як чу қалби ман хун.
Ҳар кас, ки дорад инсоф,
Гардад зи ғусса Маҷнун.
К-ин кишвари куҳансол
В-ин мулки хусравонӣ,
Ин сарзамини омол,
Ин марзи осмонӣ,
Монанди мурғи бебол
Нокарда парфишонӣ.
Дар хоку хун кашад пар
Орад зи дард фарёд,
Баргаштабахту музтар
Афсурдаҳолу ношод,
Бар сина мениҳад сар,
Аз рафта мекунад ёд.


Ку он ҷалоли Ҷамшед?
Ку он сипоҳи Доро?
Ку фарри шеру Хуршед?
Ку боргоҳи Доро?
Хуни Қубод ҷӯшид,
Аз сӯзи оҳи Доро.

пешина
аз 263
навбатӣ