ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ку фарру ҷоҳи Сосон?
Ку савти савлати мо?
Ку он шукӯҳи шоҳон?
Ку шӯру шавкати мо?
Ку ҳиммати ҷавонон,
Ку мулку давлати мо?
Чун шуд, ки мулки нодир,
Ин маҳди фарру фарҳанг,
Бо он сипоҳи қодир,
Чун дид арсаро танг,
Имрӯз гашт ҳозир,
То номи худ кунад нанг?
Баҳри чӣ рафта дар хоб,
Эронии ватанхоҳ?
Мому Ватан ба гирдоб,
Афтода гум кунад роҳ.
Чун аз сараш равад об,
Он гоҳ мекашем оҳ.
Бинем мулки Ҷамро,
Ошуфтаву парешон,
Ин кишвари дижамро,
Бе сарпарасту вайрон.
Он гоҳ доғи ғамро,
Бояд занем бар ҷон.
Ин модари куҳансол,
Ҳаргиз ҳазин нагардад.
Дорад ҳумои иқбол,
З-ин рӯ ғамин нагардад.
Эрон намешавад хор,
Ин маҳди ифтихор аст.
Бояд шавем бедор,
Имрӯз рӯзгор аст.
Қавме, ки мекунад кор,
Ҷовиду пойдор аст.
Бояд барои кишвар,
Узве муфид бошем.
Меҳан шавад музаффар,
Гар мо рашид бошем.
Бояд зи пой то сар,
Ғарқи умед бошем.
Бояд чу Жола ҷонро,
Вақфи Ватан намоем.
Ин мулки ҷовидонро,
Хидмат зи тан намоем.
Арвоҳи рафтагонро,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё