Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Хуш з-ин сухан намоем.
То ҳаст чархи гардон,
Поянда бод Эрон!

ЭЙ ОРЗУ

Эй орзу, биёву бисӯзон равони ман,
Эй ғам, ту низ шуъла барафшон ба ҷони ман.

Азбаски сӯхт ин дили ғамгину дам назад,
Азбаски рехт ашки ғам аз дидагони ман.

Азбаски чашм дар раҳи оянда дӯхтам,
Дигар зи каф бурун шуда тобу тавони ман.

Эй чархи пир, баски диламро гудохтӣ,
Афсурда шуд зи ҷаври ту рӯҳи ҷавони ман.

Эй кавкаби умед, даме чеҳра барфурӯз,
То абри ғам сияҳ накунад осмони ман.

Сар зери бол мекунам аз шарм дар қафас,
То Жола кас хабар нашавад з-ошёни ман.

НИГОҲИ ОТАШИН

Нигоҳи оташин бардор аз чашми гуҳарборам,
Ки ман худ шуълаи сӯзон дар ин қалби ҳазин дорам,
Зи пеши дидаам бигзар, ба ҳоли хеш бигзорам,
Ки дигар тоби ғам хӯрдан надорад хотири зорам.

Ман имшаб бехуд аз хешам,
Макун озор аз ин бешам.

Дили девонаро додам ба дилдори назарбозе,
Сияҳ шуд рӯзгори ман зи чашми масти ғаммозе,
Ба домат мурғи маҳбусам, на гулзоре, на парвозе,
Бисӯзам хирмани ҳастӣ, барорам ман гар овозе.

Чу дидӣ ғарқи омолам,
Чаро бастӣ пару болам?

Даруни синаи маҳзун дил аз меҳри рухат хун шуд,
Туро то хубтар бинад ба шакли ашки гулгун шуд,
Биёмад бар сари мижгон, дурахшон гашту ворун шуд,
Бибин ин ишқи содиқро ба даврони ғамат чун шуд?

Ту, к-аз доми ғам озодӣ,
Куҷо аз мо кунӣ ёде?

Махоҳ аз ман шикебоӣ, ки тоқат рафта аз дастам,
Парешонҳолу мадҳушам, зи ҷоми дарду ғам мастам,
Зи хеш, оре, буридам дил чу бо бегона пайвастам,
Гирифтам то ғами ҷонон, дари шодӣ ба худ бастам.

пешина
аз 263
навбатӣ