ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ба кори хеш ҳайронам,
Зи худкарда пушаймонам.
Бирезад ашкам аз мижгон, ки бо ҳиҷрон ҳамоғӯшам,
Ба сони шамъ месӯзам, миёни ҷамъу хомӯшам,
Ту худ з-он наргиси зебо намудӣ масту мадҳушам,
Чу бирбудӣ дили зорам, чаро кардӣ фаромӯшам?
Ба меҳраш, Жола, хурсандам,
Ба васлаш орзумандам.
БО ДИЛИ МАҲЗУН
Зибас бо ин дили маҳзун зи ҳиҷрон гуфтугӯ кардам,
Ба меҳнат ошно гаштам, ба дарду ранҷ хӯ кардам.
Табиат бар сари кин шуд, ба ҳам зад ошёнамро,
Чу дур аз лона афтодам, қафасро орзу кардам.
Дилам чун ғунча хунин шуд ба боғу бӯстон азбас,
Миёни лолаву насрин рухашро ҷустуҷӯ кардам.
Шигифт он наргиси зебо рабуд аз каф дилу динам,
Чӣ хунҳо аз сари шавқаш ман аз мижгон фурӯ кардам.
Дилам садпора шуд аз ғам, ба кори хеш ҳайронам,
Чаро ин қалби маҳзунро аз аввал ҷойи ӯ кардам?
Чу дидам навгули шодам дилоро буду атрафшон,
Ба ёдаш ҳар гуле дидам ба тарфи боғ бӯ кардам.
Чаро ҳангоми дилтангӣ нарезам ашки ғам, Жола?
Ман аз ин чашми пургавҳар чу касби обрӯ кардам.
ЁДГОРИ МАН
Чаро чу абр нагирям, ки гиря кори ман аст?
Чаро чу шамъ насӯзам, ки ин шиори ман аст?
Касе, ки аз ғаму меҳнат ҳалок гашт, манам,
Диле, ки сӯхт зи ҳасрат дили фигори ман аст.
Ба фасли лола ҷавонон ба кӯҳу чашма раванд,
Ғам аст кӯҳи ману чашм чашмасори ман аст.
Чӣ ҳоҷат аст, ки дар боғ гул ба сина занам?
Ба сина лолаи ман қалби доғдори ман аст.
Асири доми фироқам, баҳорро чӣ кунам?
Ки навбаҳори дили ман рухи нигори ман аст.
Ҳар он чӣ Жола нависам зи ашк пок макун,
Ки ин сутур пас аз марг ёдгори ман аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё