ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

МУРҒИ ГИРИФТОР
Эй мурғаки бедили гирифтор,
Баҳри чӣ ба дом уфтодӣ?
Акнун, ки дамида гул ба гулзор,
Мехон ба қафас суруди шодӣ.
Бардор зи рӯйи болҳо сар,
Бигшой ба тарфи бӯстон пар.
Ин фасл парандагони зебо,
Аз шавқ кунанд парфишонӣ.
Оянд ба гашти боғу саҳро,
Хонанд суруди шодмонӣ.
Танҳо ту парандаи ҳазинӣ,
К-ин гӯша ба дарду ғам нишинӣ.
То чанд кунӣ фиғону нола?
Бинмо назаре ба ҷониби боғ.
З-ин беш мазан ба ҷони лола,
Аз нолаи дилхароши худ доғ.
Бархез, ки қалби ғунча хун шуд
В-аз ранҷи ту дарди ман фузун шуд.
Мурғон ҳама мекунанд парвоз,
Аз шохи гуле ба шохи дигар,
Хонанд ба тарфи боғ овоз,
Шӯянд дар оби чашмаҳо пар.
Баҳри чӣ фусурдаию ғамнок?
Биншаста ба чеҳраат чаро хок?
Бархезу аз ин қафас бурун ой,
Бигзор ба рӯйи шох лона.
Аз барги латифи гул биорой,
Эй мурғи азиз, ошёна.
Навмед чаро нишастаӣ ту?
Чашм аз рухи боғ бастаӣ ту?
Ман ҳамчу ту гаштаам парешон,
Аз дидани рӯйи дӯстон дур.
Мо ҳарду зи гашти боғу бӯстон,
Дар ҳаҷри бутон наем масрур.
Мо ҳарду асиру дардмандем,
Дар доми фироқ пойбандем.
Фарёди ту бар дилам занад неш,
Сӯзад зи ғамат чу шамъ ҷонам.
Озор мадеҳ маро ту з-ин беш,
Бигзор навои ишқ хонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё