ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Маншин ба қафас ҳазину хомӯш,
Бинмой ғаму алам фаромӯш.
ШУКӮҲИ ТАВОНГАР
Ҳар чӣ хоҳам накунам ёди фақир,
Нашнавам нолаву фарёди фақир.
Ҳар тараф меравам он ҷо бошад,
Боиси дарди сари мо бошад.
Фуқаро ғарқи касофат ҳастанд,
Мазҳари хиффату офат ҳастанд.
Фуқаро кӯру кару беморанд,
Бедилу беҳунару бекоранд.
Ҳама дар гирди ҷаҳон дар ба даранд,
Ваҳ, ки ин тӯда чӣ бепову саранд.
Ман чӣ гӯям, ки яке бекор аст,
Кӯдаке бепадару бемор аст?
Чӣ кунам ман, ки яке бадбахт аст,
Зиндагонӣ ба фақирон сахт аст.
Гар Худо ёвари онҳо мебуд,
Ҳолашон хубтар аз мо мебуд.
Баски кошонаи вайрон дидам,
Мардуми зору парешон дидам.
Баски дидам ҳама ҷо дасти заиф,
Чеҳраи ғамзада, андоми наҳиф.
Хаста шуд хотири фархундаи ман,
Тира шуд ахтари тобандаи ман.
НОЛАИ БЕНАВОЁН
Ё Раб, зи чӣ моро ба ҷаҳон баргу наво нест,
Дар даҳр ба ҷуз дарду алам қисмати мо нест.
То чанд сарафканда дароем ба хона?
Гӯем ба фарзанд, ки имрӯз ғизо нест.
То чанд бидӯзем ба ҳам пора ба пора?
Он гаҳ ки бипӯшем, бибинем қабо нест.
То чанд бигӯем ба он кӯдаки дилбанд?
Фарзанд, махӯр ғам, ки туро кафш ба по нест.
Маҳкум ба ҷурмем, ки боист бисӯзем,
Моро, ки дар ин даҳр ба ҷуз фақр хато нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё