Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ ки сухан аз шоири нимаи аввали асри XI тоҷику форс Фаррухии Систонӣ равад, чун соҳибони тазкираву рисолаҳои улуми адабии гузашта ва чӣ ховаршиносону адабиётшиносони кунунӣ пеш аз ҳама маҳорати баланди шоирӣ ва фасеҳиву соддагии услуби эҷодии ўро таъкид намудаанд. Аз шоир ва адабиётшиноси асри XII Рашиди Ватвот шурўъ намуда қариб ҳамаи тазкиранигорону муҳаққиқони эҷодиёти шоир ба услуби шоирии Фаррухӣ сифати «саҳли мумтанеъ»-ро мансуб донистаанд.
Ҳарчанд дар бобати тарафҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти Фаррухӣ мақолаву рисолаҳои ҷудогона ба вуҷуд омадааст, вале таассуфовар аст, ки то ҳол маҳорати эҷодии шоир умуман ва ҷиҳатҳои услубии ашъори ў хусусан аниқу ҳарҷониба таҳқиқ нашудааст. Адабиётшиноси эронӣ Ғуломҳусайни Юсуфӣ дар тадқиқоти муфассали худ бар хилофи муҳаққиқони дигар ба масъалаи услуби «саҳли мумтанеъ»-и шоир баҳси васеътаре кушода бошад ҳам, танҳо ба шарҳи як ҷиҳати масъалаи мазкур
– соддагии забон маҳдуд шудааст. Худи муҳаққиқ ҳам ба номукаммалии шарҳаш иқрор шуда навиштааст: «Нигоранда ҳанўз умедвор нест, ки бо ин тавзеҳот тавонистааст он чи аз каломи саҳлу мумтанеъи Фаррухӣ ҳис мекунад, комилан ба қалам оварда ва ин нуктаро ба равшанӣ баён карда бошад».
Чунон ки маълум мегардад, камбудии асосии Юсуфӣ ва дигар муҳаққиқон пеш аз ҳама дар он аст, ки онҳо «саҳли мумтанеъ»-ро ба мафҳуми танги «услуби забонӣ» мансуб донистаанд. Ба назари мо танҳо дар сурате ба асрори услуби «саҳли мумтанеъ»-и Фаррухӣ ва умуман маҳорати эҷодии ў шинос шудан мумкин аст, ки мафҳуми услуби эҷодии шоир ба маънии васеъаш гирифта шуда, баробари соддагиву хушоҳангии калом таносуби алфозу маънӣ, тарзи офариниши тасвиру образҳои шоирона, ягонагии шаклу мундариҷаи ашъори ў ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷаҳони шоиронааш равшан гардад. Бинобар ин ҳоло кўшиш менамоем, ки аз ҳамин дидгоҳ назар намуда, баъзе усулҳои тасвири шоирро дар асоси таҳлили тағаззулҳои ҷудогонаи ў то ҳадди имкон аз назар гузаронем. Чунин тарзи таҳлил агар аз як тараф барои яклухт ва дар ҳамбастагӣ омўхтани воситаҳои гуногуни тасвир (аз қабили санъатҳои бадеӣ, оҳанг, вазн, хусусиятҳои овозӣ…) муносиб бошад, аз тарафи дигар то чӣ андоза созвор омадани мавзўъ ва мундариҷаи шеърро бо тарзи баён ва дараҷаи риояти ягонагии шаклу мундариҷаи онро ба зуҳур мерасонад. Ногуфта намонад, ки ин тарзи таҳлил ба ҳеҷ ваҷҳ тарзҳои дигари таҳқиқи бадеияти шеърро (монанди шарҳу тавсифи санъатҳои ҷудогонаи бадеӣ, ки дар илми бадеи тоҷику форс маъмул аст, ё таҳқиқи структуралию семиотикӣ ва статистикии шеър, ки дар шеършиносии имрўза ривоҷ дорад, инкор накарда, беҳтарин унсурҳои

пешина
аз 625
навбатӣ