Равзанаи адаб

онҳоро дар бар мегирад ва дар айни ҳол барои муайян кардани маҳорати эҷодии шоирон хеле судманд аст.
Азбаски тасвири табиат на танҳо аз мавзўъҳои асосии тағаззулоти шоир, балки аз мавзўъҳои марказии ашъори лирикии шоирони нимаи аввали асри XI ба шумор рафта, шевотарин намунаҳои шеърҳои пейзажии адабиёти гузаштаамон дар ин давра эҷод шудаанд, мо ҳам барои таҳлил маҳз ҳамин гуна шеърҳоро интихоб намудем.
Инак, тағаззули қасидаи аввали девони Фаррухиро, ки тасвири як манзараи воқеии табиати баҳоронро дар бар мегирад, аз назар гузаронем:
Баромад нилгун абре зи рўи нилгун дарё,
Чу ройи ошиқон гардон, чу табъи бедилон шайдо.
Чу гардон гашта селобе миёни оби осуда,
Чу гардон гирдбоди тундгарде тира андар во.
Бибориду зи ҳам бигсасту гардон гашт бар гардун,
Чу пилони пароканда миёни обгун саҳро.
Ту гуфтӣ гарди зангор аст бар ойинаи чинӣ,
Ту гуфтӣ, мўйи санҷоб аст бар пирўзагун дебо.
Ба сони марғзори сабзранг андар шуда гирдаш,
Ба як соат мулавван карда рўйи гунбади хазро.
Ту гуфтӣ, осмон дарёст аз сабзиву бар рўяш
Ба парвоз андар овардаст ногоҳ баччагон анқо.
Ҳамерафт аз бари гардун гаҳе торӣ, гаҳе равшан
В-аз ў гоҳ осмон пайдову гаҳ хуршед нопайдо.
Ба сони чандани сўҳонзада бар лавҳи пирўза,
Ба кирдори абири бехта бар сафҳаи мино.
Чу дудин оташе, к-обаш ба рўй андар занӣ ногаҳ,
Чу чашми бедиле, к-аз дидани дилбар шавад бино…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё