Равзанаи адаб

Шоир дар ин тағаззул тавассути тасвири ҳаракату ҳолати абрпораҳо аз як тараф зебоиҳои нотакрори он фаслро ба қалам дода, аз тарафи дигар ҳаяҷону эҳсосоти сурурангези ботиниашро ифода намудааст. Ҳарчанд дар шеър калимаи «баҳор» тамоман истифода нашудааст, вале хонанда аз тасвирҳои рангину воқеии шоир зебоиву таровати ин фасли солро равшан тасаввур менамояд. Зеро шоир зебоиҳои баҳорро ба таври умумӣ тасвир накарда, аз олами беинтиҳои табиат танҳо ба як ҷузъи он- абр диққат додааст ва дар тасвири ҷиҳатҳои гуногуни он эъҷозкориҳо намудааст.
Ин тағаззул бо яклухтии тасвир, ки тадриҷан ба осмон баромадану паҳн шудани абрро дар бар мегирад, чанд лавҳаи моҳирона нигоштаро мемонад. Шоир бошад ба рассоме монанд аст, ки барои воқеиву гиро ба қалам додани манзара аз тамоми имкониятҳо ва махсусан аз рангҳои сабз, хазро, зангор, пирўзагун, нилгун, торику равшан ва амсоли инҳо хеле моҳирона истифода мебарад.
Муҳимтарин воситае, ки барои офаридани тасвир дар ин тағаззул ба кор рафтааст, санъати ташбеҳ мебошад. Қариб дар ҳар байт бо як ё ду ташбеҳ, ки аксар тозаву бикр ба назар мерасанд, дучор омадан мумкин аст. Азбаски шоир тасвири манзараи воқеии табиатро ба ўҳда гирифтааст, бинобар ин ташбеҳшаванда ва ташбеҳкунандаҳои шеър низ асосан моддиву маҳсус (ҳисшаванда) мебошанд. Вале агар ташбеҳҳо дар алоҳидагӣ санҷида шаванд, маълум мегардад, ки дар ду маврид (байтҳои 1,6) ташбеҳкунандаҳо (раъйу табъ, анқо) хаёлӣ ва ғайримоддианд. Дар байти аввал ҳаракати абр ба раъйу табъи ошиқону бедилон монанд шудааст, ки дар ҳақиқат ташбеҳкунандаҳо унсурҳои номавҷуд (абстрактӣ) мебошанд. Ин ҷо ба назари мо бояд ду чизро ба назар гирифт. Аввал ин ки дар байт на худи ашёи ташбеҳшаванда, балки ҳаракати он мавриди тасвир аст. Сониян дар матн чи ташбеҳшаванда ва чи ташбеҳкунанда якҷоя бо ашёву ашхос (абр, ошиқону бедилон) омада хусусияти воқеӣ касб кардаанд ва аз мутолиаи байт чунин тасаввуре ҳосил мешавад, ки гўё худи абр бевосита ба ошиқону бедилон монанд шудааст. Ҳамин ҳолат дар байти 6 низ мушоҳида мешавад.
Ташбеҳкунандаи «анқо» (мурғи афсонавӣ, ки дар асл вуҷуд надорад) аз як тараф ба маънии мурғи муқаррарӣ омада, аз тарафи дигар барои ифодаи эҳсосу ҳаяҷони баланди романтиконаи шоир хидмат намудааст.
Дар байти дуюм низ ҳамоно ҳаракати абр дар мадди назари шоир аст ва абр ба селоби пурталотуму гирдоби тундгард монанд мегардад.
Ҳаракату амалиёти абр торафт мураккаб шудан мегирад ва абр акнун ба пилони пароканда шабоҳат пайдо мекунад. Ин ҷо на танҳо ҳаракати абр, балки ҳолату шаҳомати он низ пеши назар ҷилвагар мешавад. Байти саввумро метавон авҷи баланд ё худ нуқтаи кулминатсионии тасвири ҳаракати абр шумурд. Махсусан, дар мисраи аввали байт (Бибориду зи ҳам бигсасту гардон гашт бар гардун), ки дорои се феъли ифодакунандаи ҳаракат аст, шиддати амалиёт ба нуқтаи баланд расидааст. Дар ягон байти дигари ин тағаззул зиёда аз як феъл дида намешавад. Ин ҷо бошад, чида шудани феълҳо шиддати ҳаракатро муассиртар ифода намудааст.
Дар мисраи дуюм ҳатто тавсифи ташбеҳкунанда аз сифати феълӣ иборат буда, ба ҳаракат вобаста карда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё