Равзанаи адаб

Аз охири ин мисраъ бо зикри ташбеҳи «обгун саҳро» шиддати тасвир паст шудан мегирад ва шоир таваҷҷўҳашро ба ҳолату ранги абр ҷалб менамояд. Байтҳои чаҳорум, панҷум ва шашум саршори рангҳои сабз, зангор, хокистарӣ гардида илова бар абр тасвири осмонро низ дар бар мегиранд. Аз байти ҳафтум шоир боз ба тасвири амалиёти абр мепардозад. Дар ин байт ташбеҳи нав оварда намешавад, вале дар ҳар мисраъ дуборӣ такрор ёфтани калимаҳои «гаҳе», «гаҳ» ва зикри тазодҳои «ториву равшан», «пайдову нопайдо» аз шиддату хурўши наве дарак медиҳанд. Шоир боз аз ташбеҳҳо мадад меҷўяд. Лекин ташбеҳҳои байтҳои 8,9 тафсилӣ буда, бештар ҳолати ашёҳоро равшан менамоянд. Бо вуҷуди ин ҷўшу хурўш ва шиддати тасвир то охир нигоҳ дошта мешавад, ки барои ифодаи онҳо мақоми ташбеҳҳои махсусу назаррабои воқеии байти нуҳум хеле калон аст.
Чунон ки аз таҳлил бармеояд, дар тағаззули мазкур шоир манзараи табиатро нусхабардорӣ накарда, балки онро зиндаву табиӣ ва пайваста ба ҳаракат қаламдод намудааст. Тасвири шоир якнавохт набуда, чун рўзҳои баҳор зуд-зуд тағйир меёбад, гоҳе шиддат мегираду гоҳе суст мешавад, гоҳе медурахшаду гоҳо садо медиҳад. Ҳатто дар мавридҳое, ки танҳо ҳолати манзара тасвир мешавад, якнавохтиву карахтӣ ба назар намерасад. Дар ин гуна мавридҳо бештар рангҳо ба ҷилва омада, тасвирро зиндаву барҷаста мегардонанд.
Ҳамон навъе ки қайд шуд, бунёди тасвирҳои шоир дар тағаззул асосан бар ташбеҳ аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки дигар воситаву санъатҳои бадеӣ мавриди истифода қарор нагирифта бошад. Баръакс дар ин тағаззул санъатҳои зиёди бадеӣ ба кор рафтаанд, вале бояд таъкид кард, ки ҳамаи он санъату воситаҳо пайваста бо ташбеҳ омада, аксаран ба он тобеанд. Чунон ки дидем, дар мисраи аввали байти сеюм ва байти ҳафтум барои ифодаи авҷи ҳаракату шиддати тасвир феълҳои чида ва санъати такрор то андозае мустақилият пайдо карда, баробари ташбеҳ истифода шудаанд. Ба ин минвол шоир дар баъзе мавридҳо барои ҷолибтар ва муассиртар баромадани тасвир танҳо ташбеҳро кофӣ надониста, воситаҳои дигарро низ корбаст намудааст.
Хусусияти дигари истифодаи ташбеҳ дар ин тағаззул он аст, ки шоир барои ифодаи ҳаракати ашё ташбеҳҳои кўтоҳеро, ки зотан хосияти пўёӣ (ҷунбандагӣ) доранд, истифода карда, ҳангоми ба қалам додани ҳолати ашёву манзара ташбеҳҳои ифодакунандаи рангро ба кор мебарад.
Бояд гуфт, ки ин тарзи тасвирсозӣ ба объект тасвир ва мундариҷаи тағаззул хеле мувофиқ омада, ҳусни эмотсионалии шеърро ҳам афзудааст.
Дигар ин ки аксари ташбеҳҳои тағаззул илова бар моддиву маҳсус будан манзур (дидашаванда) ва ба чашм аён низ ҳастанд. Дар натиҷа хонанда ҳангоми мутолиаи шеър барои идроки тасвир ба фикр фурў нарафта лаҳзае худро дар нишемангоҳи манзараи табиати баҳорон тасаввур мекунад ва аз дарё боло шудани абрпораҳову бо хурўшу тундӣ ба ҳам бархўрда рўи осмони нилгунро фаро гирифтани онҳо ва дар як муддати кўтоҳ рангҳои гуногун пазируфтани осмонро гўё бо чашмони худ мебинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё