Равзанаи адаб

Аз санъатҳои дигаре, ки дар тағаззул беш аз ҳама пайваста бо ташбеҳ истифода шудаанд, тавсиф мебошад. Дар мисраи аввали шеър тавсифи «нилгун» такроран омада аст, ки бесабаб нест. Бо ин роҳ шоир пеш аз ҳама объекти тасвирро таъкид намуда, сониян таваҷҷўҳи хонандаро ба зебоии табиат, ки дар айни ҳол натиҷаи ҳамоҳангиву мувозинати ашёҳои он буда, ҳамрангии абру дарё нишонаи равшани он аст, ҷалб месозад.
Ҷолиби диққат аст, ки тавсифҳои байтҳои 2,3, ки аксаран аз сифатҳои феълӣ иборатанд, бо ташбеҳкунандаҳо омада барои ифода ва таъкиди маънои ҳаракат хидмат менамоянд. Дар байтҳои 4,5 бошад тавсифҳо ба тақозои тасвири ҳолат маънои рангро ифода мекунанд. Дар байти 8 ду тавсифи тафсилӣ зикр шудааст, ки барои ифодаи ранги ташбеҳкунандаҳо хизмат менамоянд. Аҷибаш ин аст, ки ба туфайли тавсифҳои «сўҳонзада бар лавҳи пирўза» ва «бехта бар сафҳаи мино»
ташбеҳҳои чандану абир, ки дар системаи образҳои назми классикии тоҷику форс асосан барои ифодаи хушбўӣ ба кор мерафтанд, ин ҷо рангро намоиш додаанд.
Нақши муҳимми тавсиф дар байти 9 низ равшан зоҳир мегардад.
Дар ин байт шоир ташбеҳи воқеии « ба оташ задани абре», ки тозаву хаёлист, ба кор бурдааст. Вале барои ба тасвири умумии шеър пайвастани ин ташбеҳ мавқеи тавсифи «дудин» калон аст. Зеро ин ҷо маҳз ба туфайли тавсифи мазкур образ ягонагиву яклухтӣ касб кардааст.
Ҳамин тавр тавсиф низ дар саросари тағаззул пайваста бо ташбеҳ омада, тасвирро мукаммалу барҷаста намудааст.
Аз зикри санъатҳои дигари бадеӣ, ки дар бунёди тасвир нақши зиёд надоранд, худдорӣ намуда ҳаминро бояд қайд кард, ки оҳанги ин шеър низ ба мазмунаш зич вобаста буда, ба тақозои он тағйир меёбад. Чунон ки маълум аст, рўзҳои баҳорон, ки нигориши як манзараи онро шоир ба ўҳда гирифтааст, бо тағйирёбии ҳарлаҳзагӣ фарқ мекунад. Барои равшантар ифода намудани ин маънӣ оҳанги шеър низ таъсире расонидааст. Чунончи, матлаи тағаззул ба чор қисмати баробар ҷудо шуда, оҳанги мавзуне дорад. Ин ҳолат дар мисраи аввали байти дуюм низ мушоҳида мешавад. Вале дар мисраи чаҳорум ин баробарӣ барҳам хўрда, шиддати оҳанг торафт баланд мешавад ва дар мисраи аввали байти сеюм ба авҷаш мерасад. Мисраи дуюми байти мазкур бошад боз ба ду қисмат ҷудо мешавад. Ҳамин тавр оҳанги шеър аз аввал то охир якнавохт набуда, зуд-зуд тағйир меёбад. Агар ин тағйирёбӣ бо мазмуни шеър муқоиса шавад, маълум мегардад, ки оҳанги шеър алоқамандона бо тасвири ҳаракату ҳолати абр ва шиддати он тағйир наёфтааст. Масалан, чунон ки дидем, мисраи аввали байти сеюм, ки авҷи тасвир аст, якбора ба чаҳор қисмати ҳамоҳанг ҷудо мешавад, ки ин оҳанги мисраъро босуръаттару шиддатноктар мегардонад.
Дар ин тағаззул ҳамчунин нишонаҳои такрору таъкиди овозҳои ҷудогонаро (аллитератсия), ки фасоҳати баёнро бештар намудаанд, метавон мушоҳида кард. Барои мисол боз ҳамон байти сеюмро гирем, ки мисраъҳои он аз лиҳози маъниву оҳанг то андозае тазоди ҳамдигаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё