Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мисраи аввал ҳамсадоҳои ҷарангдори б,р,г ҳар кадом чор маротибагӣ такрор шуда, дар гўшу шунаванда хурўшу шиддати тасвирро боз ҳам афзунтар мегардонанд. Мисраи дуюм бошад аксаран аз такрори ҳамсадоҳои беҷаранги п,к иборат буда, овози садоноки кашишдори о, ки панҷ бор такрор ёфтааст, суст шудани шиддати тасвирро дар он нишон медиҳад.
Ба ин минвол метавон ҷиҳатҳои дигари тасвирро дар ин тағаззул, ки дар маркази он ташбеҳ меистад, тавҷеҳ дод. Вале аз ҳамин мушоҳидаҳо низ то чӣ андоза бо маҳорати тому устодии тамом офарида шудани тасвир ё образҳои шеъриро дар тағаззули мазкур дарк намудан душвор нест. Ин устодиву маҳорат пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки ҳар як ташбеҳу тавсиф ва дигар воситаҳои тасвир на барои зиннату ороиш, балки ба тақозои мундариҷаи шеър истифода шуда, амалиёту ҳолати абрпораҳоро пеши назари хонанда равшан ҷилвагар менамоянд ва дар олами ботинии ў ангезишҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд.
Инро таҳлили тағаззули дигари Фаррухӣ, ки дар он ҳам мисли тағаззули боло зебоиҳои табиати фасли баҳор нигориш ёфта, вале тасвир бо усули дигар сурат гирифтааст, ба субут мерасонад:

Бад-ин хуррамӣ ҷаҳон, бад-ин тозагӣ баҳор,
Бад-ин равшанӣ шароб, бад-ин некўӣ нигор.
Яке чун биҳишти адн, яке чун ҳавои дўст,
Яке чун гулоби Балх, яке чун бути баҳор.
Замин аз сиришки абр, ҳаво аз насими гул,
Дарахт аз ҷамоли барг, сари кўҳ зи лолазор.
Яке чун паранда сабз, яке чун абири хуш,
Яке чун арўси хуб, яке чун рухони ёр.
Тазарви ақиқрўй, куланги сапедрух,
Гавазни сиёҳчашм, паланги ситезакор.
Яке хуфта бар паранд, яке хуфта бар ҳарир,
Яке раста аз нуҳуфт, яке ҷаста аз ҳисор.
Зи булбул суруди хуш, зи сулсул навои нағз,
Зи сорӣ ҳадиси хуб, зи қумрӣ хурўши зор.
Яке бар канори гул, яке дар миёни бед,
Яке зери шохи сарв, яке бар сари чинор.
Ҳаво хуррам аз насим, замин хуррам аз либос,
Ҷаҳон хуррам аз ҷамол, малик хуррам аз шикор.
Яке мушк дар даҳон, яке ҳулла бар катиф,
5
Яке орзу ба даст, яке дўст дар канор…

Фаррухӣ дар ин тағаззул бо тасвири зебоиҳои фасли баҳор эҳсосу
ҳаяҷони тарабангези худро аз фаро расидани ин фасл, ки ҳангоми
фароҳам омадани хушиҳои зиндагӣ мебошад, ифода намудааст. Дар ин
шеър пеш аз ҳама тасвири ҳолати умумии манзараҳои табиат дар мадди

Фаррухӣ. Девон, саҳ. 145.

пешина
аз 625
навбатӣ