Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

валбақоъи Хайём) ба суолҳои Қозӣ Абунаср Муҳаммад ибни Абдураҳмони Насавӣ, ки аз шогирдони Ибни Сино будааст, ҷавоб гуфта аз ҷумла навиштааст: "Ва шояд касе боз бигўяд: "Чаро Худованди таъоло эҷод карда чизеро, ки медонист лозимаи он адам ва шарр аст?" Дар ҷавоби ў мегўем дар савод масалан ҳазор хайр аст ва як шарр. Эҷод накардани чизе, ки ҳазор хайр дар ўст, ба воситаи вуҷуди як шарр, ин шарр худ азим аст. Илова бар ин нисбат миёни хайри савод ва шарраш бештар аст аз нисбат миёни як миллюн ба як адад.
Пас маълум шуд шутуре, ки дар мавҷудот мебошанд, билараз аст, на бо лаззот ва боз маълум шуд, ки шурур дар ҳикмати эҷоди мавҷудот аз ҳақ таъоло бисёр қалил аст нисбат ба хайрот ҳам аз ҷиҳати камийат ва ҳам аз ҷиҳати кайфият.
Бидон ки дар ин ҷо боз матолибе ҳаст, ки ба таҳрир намегунҷад ва баён ҳам аз адои ҳаққи ў қосир аст ва мўҳтоҷ аст ба ҳадси соиб ва қареҳаи нуронӣ ва нафси комили тамомиёр то мутаваҷҷеҳ ба уқул шавад ва аз ақли фаъол мадад талабад, то ҳақиқати ҳол бар ў мункашиф шавад
30 ва аз зулмати ҷаҳл раҳоӣ ёбад."
Чунон ки мебинем, Хайём аз додани ҷавоби комил худдорӣ намуда, ба душвор будани савол ишора кардааст ва рисолаи худро ҳам бо ҳамин ба поён расонда, зарурати идомаи ҷустуҷўҳои фикриро дар ин замина таъкид намудааст. Ба назари мо дарвоқеъ Хайём ин ҷустуҷўйҳои фикриро идома дода, матлабу андешаҳояшро дар ин мавзўъ на дар рисолаҳои илмӣ, балки дар ин ришта рубоиҳои фалсафии худ баён кардааст. Аз ин рў чанд рубоие, ки дар онҳо аз муаммои ҳастӣ сухан меравад ва дар нусхаҳои қадимӣ сабт шудаанд, аз рубоиёти асили Хайём буда, бо рисолаҳои илмии ў робитаи мустақим доранд: Аз ҷумла рубоии зайл, ки дар қадимтарин маъхазҳо чун Китобуттанбеҳи Имом Фахрии Розӣ ва Мирсодулибоди Шайх Наҷмиддини Розӣ ба номи Хайём сабт шудааст, аз ҳамин муаммои ҳайратангез ҳикоят мекунад:

Доранда чу таркиби табоеъ орост,
Боз аз чӣ сабаб фикандаш андар каму кост?
Гар нек наёмад ин бино, айб кирост?
В-ар нек омад, харобӣ аз баҳри чирост?

Рубоиҳои зер низ аз ҳамин зумраанд:

Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,
Сад бўса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш.
Ин кўзагари даҳр чунин ҷоми латиф
Месозаду боз бар замин мезанадаш.
*

Аз омаданам набуд гардунро суд

пешина
аз 625
навбатӣ