Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

В-аз рафтани ман ҷоҳу ҷалолаш нафузуд.
В-аз ҳеҷ касе низ ду гўшам нашунуд,
К-ин омадану рафтанам аз баҳри чӣ буд.

Ба иллати маҳдудии фурсат аз тавзеҳи равишҳои дигар худдорӣ намуда ҷиҳати намуна аз дидгоҳи равишҳои мазкур ба як рубоии Хайём назаре меандозем, Рубоии зер яке аз қадимтарин рубоиҳоест, ки ба номи Умари Хайём дар маъхазҳо ва нусхаҳои хаттӣ омадааст:

Дар доирае, к-омадану рафтани мост,
Онро на бидоят, на ниҳоят пайдост.
Кас меназанад даме дар ин олам рост,
К-ин омадан аз куҷову рафтан ба куҷост.

Ин рубоӣ нахустин бор дар Мирсодулибоди Шайх Наҷмиддини Розӣ, ки соли 620 ҳ. таълиф шудааст, ба назар мерасад. Бори дуввум он ба номи Хайём дар Мўнисулаҳрор фӣ дақоиқулашъори Муҳаммад ибни Бадри Ҷоҷармӣ (соли таълифаш 740 ҳ.) дучор меояд. Рубоӣ аз лиҳози қидмати маъхаз ва нусха қобили эътимод аст.
Рубоӣ мазмуни фалсафӣ дошта, андешаи Хайёми донишмандро дар хусуси муаммои ҳастӣ, зиндагиву марг ва, муҳимтар аз ҳама, беинтиҳоии олам, ки дар рисолаҳои илмиаш пиромуни онҳо тааммулу тааммуқ кардааст, фаро мегирад.
Рубоӣ аз лиҳози сабки нигоришу истифодаи санъатҳои шеърӣ ва сувари хаёлҳои шоирона ҷолиб нест. Ба истиснои ба доира монанд кардани ҳастӣ, ки он ҳам бештар ҷанбаи илмиву фалсафӣ дорад, корбурди санъатҳои бадеӣ ба назар намерасад. Луғату таъбирҳое, ки дар рубоӣ истифода шудаанд, амсоли доира, бидоят, ниҳоят, омадану рафтан низ бештар мафҳумҳои илмиву фалсафиро ифода менамоянд. Вожаҳои рубоии мазкур дар 36 рубоии дар маъхазҳои то қарни 8 ҳ. сабтшуда ба тариқи зайл такрор ёфтаанд: омадан-6; рафтан-4; кас-4; ки- 26; аз(зи)- 15; ин-19; дар (андар)-12.
Рубоии мазкур, то чое ки мо иттилоъ дорем, ба шоири дигар нисбат дода нашудааст. Танҳо Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ шояд бо такя ба мафҳумҳои фалсафиаш ба ин рубоӣ сирф аз назари илмии мантиқӣ нигариста, мансубияти онро ба Хайём зери шубҳа гузоштааст. Вале набояд фаромўш кард, ки рубоии мазкур ҳарчанд ҷанбаи фалсафӣ дорад, он асари бадеист, ки андешаи фалсафӣ омехта бо эҳсосу тахайюли шоирона баён шудааст.
Мисраи аввали рубоӣ дар Мўнисулаҳрор ба тарзи "Давре, ки дар ў омадану рафтани мост" сабт шудааст, ки онро донишмандоне чун Алии Даштӣ ва Мўҳсини Фарзона пазируфтаанд. Яъне калимаи доира ба давр иваз шудааст. Ба назари мо ин ҷо вожаи доира, ки дар маъхази қадимтар омадаааст, ба мазмуни рубоӣ ҳам бештар созгор аст. Зеро доира пеш аз ҳама мафҳуми илмӣ дошта, аввалу охир надорад ва барои равшан баён кардани матлаби муаллиф мадад мерасонад.

пешина
аз 625
навбатӣ