Равзанаи адаб

Ҳамин тавр бо истифода аз равишҳои гуногуни таҳқиқ ҳатталимкон метавон рубоиҳои асили Умари Хайёмро таъйин кард, ки ин бешубҳа заминаҳои илмии хайёмшиносиро устувор хоҳад намуд.
Маромномаи ахлоқии ҳакими ҳақиқатҷўй
Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз зумраи адибону донишмандони барҷастаест, ки дар соҳаҳои гуногуни илму адаб мероси ғаниву пурарзише боқӣ гузоштаанд. Дар осори фаровону рангини илмиву фалсафӣ ва бадеии ин шоиру нависанда ва ҳакиму файласуфи маъруф тасвиру тавсиф ва бузургдошти инсон ҷойгоҳи хос дорад.
Агар дар осори илмиву фалсафии Носири Хусрав, ба хусус дар рисолаҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Хон-ул-ихвон», «Кушоиш ва раҳоиш», «Зод-улмусофирин», «Ваҷҳи дин», «Далел-ул-мутаҳирин» моҳияти инсон чун ҳадафи аслии Парвидигор аз офариниши олам ва мақоми волои ў дар силсилаи маротиби ҳастӣ ва кулли махлуқоту мавҷудот таъйид шуда бошад, пас дар қасидаву қитъаҳо ва сафарномаву маснавиҳояш бештар ситоиши бузургиву тавоноӣ, ақлу заковат, орзуву амол, андешаву пиндор ва ахлоқи ҳамидаи инсон ба қалам омадааст.
Дар рисолаҳои фалсафии Носири Хусрав инсон дар арши коинот қарор дошта, олами сағирест, ки дар худ олами кабир ва мавҷудоти азиме чун Офтобу Моҳ, Зуҳалу Миррих, Зўҳрову Муштариро дар худ таҷассум менамояд. Вале дар ашъори шоир инсон дар замин қарор дорад ва бо ранҷу меҳнат ва зўри бозувони худ қуту мояи зиндагӣ ба даст меорад ва пойбанди замину табиат аст.
Инсон дар осори фалсафии Носири Хусрав шарифтарин офаридаи Парвардигор буда, ҳамтову ҳампои ўст ва сифатҳои ўро дар худ дорад. Дар асарҳои бадеии шоир инсон аз зулму ситам азобу азият мекашад, бо донишу хиради баланд дар фақру тангдастӣ ба сар мебарад, ҳақиру бенаво ва мазлуму нотавон аст.
Ҳарчанд дар назари аввал дар арзёбии моҳияти инсон дар осори фалсафӣ ва бадеии Носири Хусрав баъзан ихтилофҳо ба назар мерасад, вале ба таври куллӣ дар ҳамаи навиштаҳои шоир ва мутафаккири бузург ҳамеша инсон дар мадди назар буда, ҷанбаҳои гуногуни ҳастии ў, ки хеле мураккаб ва пуртазод аст, ба қалам омадааст. Носири Хусрав бо неруи ақлу заковати борикбин ва калому тасвирҳои рангин тавонистааст ҳам дар рисолаҳои илмиву фалсафӣ ва ҳам дар қасидаву қитъа ва сафарномаву маснавиҳои худ асрори ҳастӣ ва моҳияти инсонро ба таври амиқу барҷаста дарк ва таҷассум намояд ва барои ташаккулу такомули ҳарҷонибаи ў панду андарзҳои ҳакимона гўяд.
Тавре ки яке аз муҳаққиқони осори фалсафии Носири Хисрав Нозир Арабзода дуруст таъкид кардааст, «таълимоти ў (Носири Хусрав-М.М) дар бораи офариниш ва мақоми инсон дар маротиби мавҷудот бояду шояд мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст». Бояд гуфт, ки ситоишу бузургдошти инсон дар осори манзуму мансури бадеии Носири Хусрав низ то ҳол ҳарҷониба таҳлилу баррасӣ нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё