Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бузургдошти инсон, махсусан, дар маснавиҳои «Рўшноинома» ва «Саодатнома» хеле равшану барҷаста ба назар мерасад. Аз ин ду маснавӣ метавон назари шоир ва мутаффакири бузургро доир ба инсон, моҳияти ва роҳу василаҳои такомули он муайян намуд.
Носири Хусрав инсонро офаридаи Ақли кулл медонад:

Зи аввал Ақли кулл чун шуд мушаҳҳар,
Зи якдигар бизоданд он ду гавҳар…
Ҳам ў лавҳу ҳам ў курсии Яздон,
Ҳам ў инсон, ҳам ў ҳам рўҳи инсон2
Шоир тамоми мавҷудоту махлуқоти оламро барои инсон мешуморад:

Бо дарё дурру дар кон зарру гавҳар,
Кунад дарвеш мардумро тавонгар.
Ғизову меваю нон аст, к-аз вай
Падид ояд ҳаме хун дар рагу пай.
Яке гардад ғизо, дигар бикоҳад,
Ки то инсон аз ин ҷо баҳра ёбад.
Ҳама аз баҳри инсонанд дар кор,
Кашад з-эшон яке з-он дигаре бор.

Дар рисолаи фалсафии Носири Хусрав «Хон-ул-ихвон» низ ҳадафи Парвадигор аз офариниши олам маҳз инсон дониста шудааст: «ғарази Офаридгори олам аз офариниши ин олам мардум аст» Носири Хусрав барои ба таври мушаххас нишон додани шарафи инсонӣ ба олами табиат рўй оварда Парвардигорро ба боғбону ҷаҳонро ба дарахт ва инсонро ба меваи он монанд мекунад ва таъкид менамояд, ки шарафи дарахт дар меваҳои лаззизу ширини он аст. Меваҳои хуштаъму хушбўй ҳакимону донишмандонанд. Бинобар ин ў инсонро ба омўзиши илм, ки лаззати он мева аст, даъват менамояд.
Дар гуфтори «Андар қобилияти инсон ба сўи камол»-и «Рўшноинома» Носири Хусрав ба тазоду ихтилофҳои ботинии инсон ва гурўҳҳои гуногуни одамон ишора намуда, хубиву зиштиҳои ононро ба қалам додаст:

Банӣ - одам гурўҳе бас латифанд,
Ҳақиқат бас шарифу ҳам касифанд.
Тан аз хоканд, ҷон аз олами пок,
Шараф доранд бар хосони афлок…

пешина
аз 625
навбатӣ