Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳама дар зоти инсонанд ҳосил,
Гилаш зулмонию нуронияш дил.
Ҳама ҳам муҳдасанду ҳам қадиманд,
Ҳама ҳам ҷоҳиланду ҳам ҳакиманд…

Ў дар миёни анбиёву авлиё ва хосону бузургон ҳам вуҷуд доштани одамони нопоку зиштро таъкид менамояд:

Чунинанд анбиёву авлиёшон,
Наярзад мулки олам хоки пошон.
Дар эшон ҳаст мушти нокасе хом,
Ки оқил деви мардум хонадаш хом.
Ба ақл иблису сурат ҳамчу одам,
Ба сад поя зи аспу гову хар кам,
Ба сурат зинда, аммо ҷон надоранд,
Агар доранд ҷон, ҷонон надоранд.

Ин тоифа одамонро шоир ба ҳайвон монанд мекунад ва ҳатто аз ҳайвон пасттар мешуморад:

Бале, ҳастанд аз ин муште парешон,
Мадори ин ҷаҳон бошад аз эшон…
Валекин ҳеҷ натвон фарқ кардан,
Зи гову хар ба гоҳи хобу хўрдан
Тан асту ҷон мумаййиз одамиро,
К-аз ў дарёфт бешию камиро…
Агар бо рўҳ гирад ошноӣ,
Расад дар дори мулки подшоӣ.
Агар шуд дар ҳавои тан гирифтор,
Ту он касро ба ҷуз шайтон мапиндор.
Чу гову хар ба хобу хўр хурсанд.
Табиат пои ҷонашро кунад банд7…

Носири Хусрав барои инсон пеш аз ҳама худшиносиро зарур мешуморад. Зеро инсон танҳо дар сурате метавонад дар ҳаёт мақоми шоистаро пайдо намояд, ки худро шинохта бошад. Аз назари шоири мутафаккир моҳияти инсон дар сурату тани ў нест:

Ту худро менадонӣ кистӣ ту?,
Бигў, то дар ҷаҳон бар чистӣ ту?
Туӣ ё ў, бигў охир, чӣ номӣ,
Танӣ ё ҷон, бигў охир, кадомӣ?
Ту ин ришу сару сиблат, ки бинӣ,

пешина
аз 625
навбатӣ