Равзанаи адаб

Ту пиндорӣ туӣ, не, не, на инӣ!
Барои инсон муҳимтар аз ҳама сирату ҷони ўст ва моҳияти ў низ дар ҳамин таҷассум мегардад:
Ту сурат нестӣ. Маънӣ талаб кун, Назар дар ҷисму ҷони булаҷаб кун.
Зиҳӣ нодон, ки худро ҷисм хонӣ, Раҳо кун ин сухан, зеро ки ҷонӣ!...
Аз нигоҳи шоир инсон аз бузургтарину шарифтарин мавҷудоти олам аст. Ҷавҳари одамист, ки мақоми ўро аз ҳама бартар месозад. Бинобар ин инсонро зарур аст, ки қабл аз ҳама ҳамин ҷавҳари худро бишиносад:
Тўӣ фаръу араз, асл аст ҷавҳар,
Ҳама олам ту ҳастӣ, эй бародар!
Хирадмандони олам, он ки гўянд,
Дар ин маънӣ ҷуз ин ҳарду нагўянд.
Араз ҷисм аст, аз ҷон ҷавҳарӣ ту,
Аз он аз ҳар ду олам бартарӣ ту.
Туро аз ҳар ду олам офариданд,
Аз онат бар ду гетӣ баргузиданд…
Бидон онрову инро нек бишнос
Бубин ту ҷисму ҷонро нек бишнос10
Гуфтори ҷудогонаи «Рўшноинома» ба худшиносии инсон бахшида шудааст. Шоир худшиносиро барои инсон хеле муҳим ва зарур дониста, онро василае барои худошиносӣ мешуморад:
Бидон худро, агар худро бидонӣ,
Зи худ ҳам неку ҳам бадро бидонӣ.
Шиносои вуҷуди хештан шав,
Пас он гоҳ сарфарози анҷуман шав.
Бидонӣ қадри худ, зеро чунинӣ,
Худо бинӣ, агар худро набинӣ.
Ту худро маҳв кун дар зоти Яздон,
Худо бину худо хону худо дон.
Чу худ донӣ ҳама дониста бошӣ,
Чу донистӣ, зи ҳар бад раста бошӣ11.
Вале худшиносӣ худ аз худ ба даст намеояд. Барои дарёфти
он инсон бояд заҳмат кашад, аз хобу оромиши зиёд даст кашида,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё